Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, дар марги келинаш худро қисман гунаҳгор ҳисобидааст.
Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки дар суд ҳуқуқ ва манфиатҳои Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манораро намояндагӣ мекунад, хабар додааст.
Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳи 25-сола рӯзи 22-юми июни соли 2021 дар манзили истиқоматии иҷорааш дар ноҳияи Файзобод бо 26 захми корд дарёфт шуда буд.
Манбаъ менависад, ки шоҳидон ва далелҳо дар парванда тасдиқ кардаанд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул (хоҳари шавҳараш) чанд маротиба шикоят карда буд.
“Аз сабабе, ки хушдоманаш сардори оила буд ва ҳамаи амалҳо дар оила таҳти роҳбарӣ ва назорати ӯ қарор доштанд, Манора ва се фарзанди ноболиғаш аз ӯ вобастагӣ доштанд”, - навиштааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, дар мурофиаи додгоҳии дуввум, ки рӯзи 11-уми октябр баргузор гардид, вакили дифои Назирова аз суд дархост кардааст, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда, нисбати ӯ қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро татбиқ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад.
“Айбдоркунандаи давлатӣ нисбати дархости ҳимоятгар эътироз баён намуда, аз суд рад кардани онро талаб кард. Ҳамчунин, мавқеи айбдоркунандаи давлатиро ҷабрдида ва намояндаи ӯ дастгирӣ намуданд”, - менависад Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 17-уми октябр, дар Суди ноҳияи Файзобод мурофиаи навбатӣ аз рӯи парвандаи Манораи Абдуфаттоҳ баргузор гардид, ки дар он шоҳидон, аз ҷумла модари Манора пурсида шуд.
Қисман эътироф намудани гуноҳи худ аз ҷониби хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ дар ҳолест, ки ки наздикони ӯ чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.
Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.
Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.
“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, - омадааст дар маълумот.
Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.
Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.