Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат барои 5 соли оянда қариб 100 миллион сомонӣ ҷудо кард, ки он барои баргузории фестивалу озмуну маҳфил ва рушди театру рақамисозии китобхонаҳо, тарбияи кадрҳо ва пажӯҳишҳои илмиву тадқиқоти фарҳангӣ, тағйири низоми идоракунӣ ва таъмини таҷҳизоти замонавӣ равона мешавад.

Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат барои солҳои 2026-2030”-ро рӯзи 26-уми ноябр тасдиқ кард. “Азия-Плюс” барномаро дастрас кард ва бо мундариҷаи он ошно шуд.

Барнома бо маблағгузории умумии 94 миллиону 140 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки аз манбаъҳои гуногун таъмин мешавад. Маблағгузорӣ дар 5 сол зина ба зина қариб 5 маротиба меафзояд: аз 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар соли 2026 то 24 миллион 900 ҳазор сомонӣ дар соли 2030.

Қисми калонтарини буҷет ба инфрасохтори фарҳангӣ равона мешавад, аз ҷумла барои сохтмони қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Вахш ва Панҷ - 15,2 млн сомонӣ ва барои бунёди боғҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои Айнӣ (9 млн сомонӣ), Мурғоб (9 млн сомонӣ), Балҷувон (8 млн сомонӣ) ва Сангвор (6 млн сомонӣ) ҷудо шуааст.

Чуноне дар Барнома зикр шудааст, имрӯз дар кишвар 368 муассисаи фарҳангии таъмирталаб ва 75 адад садамавӣ вуҷуд доранд. Вазъияти ҷойгиршавии муассисаҳо боиси нигаронист: 886 муассиса дар макони номувофиқ ҷойгир шудаанд - 77-тои онҳо дар хонаҳои шахсӣ, 154-то дар биноҳои мактабҳо, 270-то дар биноҳои ҷамоат ва 60-то дар бунгоҳҳои тиббӣ қарор доранд.

Китобхонаҳо бо мушкилоти махсус рӯбарӯянд. Ба навиштаи манбаъ, “дар таркиби фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ, китобҳои аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа куҳна афзалият дошта, танҳо 38 дарсади фонди онҳоро адабиёт ба забони давлатӣ ташкил дода, саҳми аксари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр ба забони давлатӣ назаррас нест”.

Масъалаи кадрҳо дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва санъат низ ҳадде ҷиддӣ аст: аз 10 ҳазору 814 воҳиди корӣ, танҳо 10 ҳазору 245 нафар дар ҷойҳои корӣ машғуланд. Норасоии кадрӣ 1 ҳазору 693 нафарро ташкил медиҳад, ки барои рушди соҳа халалрасон аст.

Барои рафъи ин мушкилот “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат барои солҳои 2026-2030” маблағ ҷудо кардааст. Инчунин, Барнома 18 фестивал, озмун ва маҳфили доимиро пешбинӣ мекунад, ки баъзе аз онҳо барои аввалин маротиба баргузор мешаванд.

Таваҷҷуҳи махсус ба маҳфилҳои эҷодии шеъру суруд дода шудааст – барои баргузории маҳофили “Рӯдакихонӣ”, “Шоҳномахонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Ғазали Ҳофиз”, “Шеъри Камол”, “Ҷони ширин”, “Лоиқхонӣ” 240 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар бораи ба кадом самт чӣ миқдор маблағ равона шудан дар баргаи “Азия-Плюс” маълумоти муфассал гиред.

 

 

🎭 Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 1 млрд сомонӣ ҷудо кард

Барномаи давлатии рушди фарҳанг ва санъат дар солҳои 2026-2030

💰 Самтҳои асосии маблағгузорӣ

🏗️
Сохтмон, таъмир ва азнавсозии иншооти фарҳангӣ
60.8 млн
Сохтмони қасрҳои фарҳанг, таъмири осорхонаҳо ва бунёди боғҳои фарҳангӣ
🎪
Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
12.8 млн
Фестивалҳо, озмунҳо ва маҳфилҳои эҷодӣ дар тамоми кишвар
📚
Ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ
6.7 млн
Сабт дар ЮНЕСКО, нашри китобҳо ва экспедитсияҳо
👨‍🎓
Тарбияи кадрҳо
4.9 млн
Семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос
💻
Таҷҳизоти муосири техникӣ
4.9 млн
Компютерҳо, созҳои мусиқӣ ва дастгоҳҳои муосир
🏛️
Низоми ташкилу идоракунӣ
1.4 млн
Такмили заминаи меъёрӣ ва созмондиҳии соҳа
🔬
Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ
1.4 млн
Пажӯҳишҳои илмӣ ва тадқиқоти фарҳангӣ
🖥️
Автоматикунонии китобхонаҳо
0.7 млн
Барномаи Aleph ва рақамикунонии хидматрасонӣ
🏪
Таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ
1.5 млн
Мағозаҳо, шабакаи интернет ва китобхонаҳои электронӣ

🎨 Фестивалҳо, озмунҳо ва маҳфилҳои фарҳангӣ

📖
Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон"
250 ҳазор сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
👨‍👩‍👧‍👦
Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ "Дунёи саодат"
150 ҳазор сомонӣ
2026, 2028, 2030
🎤
Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб"
600 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🎨
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ "Бозори ҳунар"
750 ҳазор сомонӣ
2026, 2028, 2030
👗
Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ
1.5 млн сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
🏺
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фолклорӣ-этнографӣ "Ганҷи ниёгон"
400 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🎵
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии мақомсароён "Навои Шашмақом"
1.0 млн сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
🎼
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён "Садои дил"
500 ҳазор сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
💃
Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс "Тараннуми Истиқлол"
100 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
📚
Озмуни ҷумҳуриявии "Библиомарафон" - "Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ"
200 ҳазор сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
🏛️
Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо "Оинаи таърих"
100 ҳазор сомонӣ
2028, 2030
📖
Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо "Чароғи ҳидоят"
100 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🌳
Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ "Гулзори маърифат"
200 ҳазор сомонӣ
2028, 2030
🎭
Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ "Даргоҳи ҳунар ва маърифат"
240 ҳазор сомонӣ
2026, 2028, 2030
🎪
Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ "Ҷонбахши сатрҳо"
160 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
📝
Маҳфилҳои эҷодии шеъру суруд (Рӯдакихонӣ, Шоҳномахонӣ ва ғайра)
240 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🎊
Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо дар Душанбе "Ваҳдат мароми мост"
600 ҳазор сомонӣ
2027, 2030
🚐
Ташкили сафари "Корвони китоб"
5.0 млн сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)

📊 Маблағгузорӣ барои 5 соли оянда

2026
 
5.8
млн сомонӣ
 
2027
 
21.1
млн сомонӣ
 
2028
 
21.8
млн сомонӣ
 
2029
 
20.4
млн сомонӣ
 
2030
 
24.9
млн сомонӣ
 
БАЛАНД
Маблағи ибтидоӣ
5.8 млн
📈
+329%
Афзоиш
Маблағи охирон
24.9 млн

💡 Маблағгузорӣ аз соли 2027 ба таври назаррас меафзояд ва дар соли 2030 ба баландтарин сатҳ мерасад

Миқдорҳо бо миллион сомонӣ

💼 Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

🏛️
76.9 млн
Буҷети ҷумҳуриявӣ
🎭
15.0 млн
Маблағҳои Вазорати фарҳанг
🌍
1.7 млн
Ҷалби маблағҳои грантӣ
🏘️
0.5 млн
Буҷети маҳаллӣ
94.1 млн сомонӣ
Маблағгузории умумӣ барои солҳои 2026-2030

 

Вале муваффақияти барнома на танҳо ба маблағ, балки ба сифати иҷро, шаффофияти харҷҳо ва ҷалби фаъолонаи ҷомеа ва бахши хусусӣ вобаста мебошад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки маблағҳои грантӣ ва буҷети маҳаллӣ низ бояд дуруст. Комил ва саривақт таъмин гарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.