Рӯзҳои 14-15 май дар шаҳри Пекин Форуми "Як камарбанд - Як роҳ" баргузор мешавад.

Дар он дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, мудири Бунёди байналмилалии асъор Кристин Лагард ва президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким ширкат меварзанд. Шумори умумии иштирокдорони ҳамоиш ба беш аз 1,2 ҳазор нафар мерасад. Ҳайати Тоҷикистон дар он ҳузур надорад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Президенти Чин Си Ҷин Пин ба ҳамкориҳои зичтар дар Осиё ва Аврупо, аз ҷумла дар бахшҳои терроризм ва сиёсати молӣ даъват кард.

Ин даъвати Си Ҷин Пин дар форуми "Як камарбанд - Як роҳ" - мулоқоти раҳбарони 29 кишвари ҷаҳон сурат гирифт, ки ба эҳёи ба истилоҳ "роҳи бузурги Абрешим" - ташаббуси тиҷории Чин барои тақвияти нуфузи ҷаҳонии Пекин дар бахши савдо ва геополитика равона шудааст.

Пекин ваъда дод, барои ин ташаббуси худ, ки ба воситаи роҳу бандар ва шабакаи роҳҳои оҳану минтақаҳои саноатӣ Чинро бо Африқо, Осиё ва Аврупо мепайвандад, 124 миллиард доллари ИМА ҷудо хоҳад кард.

Си Ҷин Пин ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раҳбарони Русияву Туркия - Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон дипломатҳои ғарбиро бовар кунонд, ки ин нақша "кӯшиши мусоидат ба нуфузи Чин дар саросари ҷаҳон" нест.

Ба гуфтаи президенти Чин, тарҳи "Як камарбанд - Як роҳ" бо "роҳи қадимаи бозӣ миёни душманон" нахоҳад рафт. Баръакс ташкили шеваи нави ҳамкорӣ ва манфиати дутарафаро пешниҳод мекунад. Ӯ бар хилофи ваъдаи президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт, дар тиҷорату муносибатҳо манофеи кишварашро дар мадди аввал мегузорад, аз ҷаҳонишавии иқтисод ҳимоят кард.