Нимгуруснагӣ, фарбеҳӣ миёни кӯдакон ва осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим аз хатарҳои калидие арзёбӣ мешаванд, ки Тоҷикистон бо онҳо дучор мешавад. Чунин маълумот дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид (СММ) “Гузориш доир ба амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ-2024” рӯзи 2 апрел нашр шудааст.
Нимгуруснагӣ ва вазни зиёдатӣ
Бино ба маълумоти соли 2022, дар Тоҷикистон 13,1%-и кӯдакони синни то 5-сола бар асари камғизоӣ доимо аз норасоии рушд (қадкашӣ) азият мекашанд, ки нишондиҳандаи миёна аз лиҳози солимии ҷамъиятӣ мебошад.
Сатҳи лоғариву бемадорӣ (wasting) 9,9%-ро ташкил медиҳад, ки ин ҳам баландтар аз нишондиҳандаи ҳадафноки глобалиии 3% аст.
Бахусус афзоиши ҳолатҳои вазни зиёдатӣ нигаронкунанда аст: ин нишондиҳанда аз 4,6% дар соли 2000-ум то ба 21% дар соли 2022 боло рафт.
Об ва иқлим
Тоҷикистон низоми идоракунии захираҳои обро фаъолона роҳандозӣ мекунад. Аз соли 2020 Кодекси нави об ҷорӣ шуда, то соли 2026 анҷоми расмиёти ниҳодии идоракунии панҷ ҳавзаи об ба нақша гирифта шудааст.
Иттиҳодияҳои истифодабаранагони об дар қабули қарорҳо нақши муҳим мебозанд. Аммо кишвар бахусус ба тағйироти иқлим осебпазир боқӣ монда, бахши кишоварзӣ ҳамчун асоси таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ба партоби газҳои гулхонаӣ саҳм мегузорад.
Нобаробарии гендерӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон
Дар бахши кишоварзӣ занон қисмати назарраси қувваи кориро ташкил дода, лекин бисёр вақт ғайрирасмӣ, бидуни пардохти маош ва дастрасӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунанд. Бар асари дастрасии заиф ба замин ва захираҳо иштироки онҳо дар қабули қарорҳо маҳдуд аст.
Дар гузориш зарурати роҳандозии тадбирҳои маҷмӯавӣ - аз беҳбуди истеъмоли ғизо ва идоракунии захираҳои об то тавсеъаи ҳуқуқҳои занон ва мутобиқшавӣ ба иқлим таъкид мешавад.
Мушкилоти амнияти озуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ
Сарфи назар аз сатҳи нисбатан пасти гуруснагӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, амнияти озуқаворӣ мушкил боқӣ мемонад.
Дар соли 2023, тахминан 107 млн нафар одамон (11,5%) дар минтақа бо камбуди миёна ё шадиди амният ва ғизо рӯбарӯ буданд. Ҳарчанд ин 1,5 млн нафар камтар аз соли гузашта бошад ҳам, тақрибан 24,5 млн нафар одамон дар шароити камбуди шадиди амнияти озуқаворӣ қарор доранд.
Бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ осебпазиранд. Дар ин ҷо 2,3 млн нафар (тақрибан 3%) бо талаботи ҳадди ақалли энергетикӣ таъмин нестанд. Мушкилро вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, хавфҳои иқлимӣ ва идомаи даргирҳои мусаллаҳона дар Украина амиқтар мекунанд.
Миёни тамоюлҳои мусбат – коҳиши камғизоии кӯдакон ва камхунии занон зикр мешавад. Аммо фарбеҳшавии калонсолон зиёд шуда (беш аз 20%), дар кӯдакони то 5-сола нишондиҳандаи баланди вазни зиёдатӣ (7,1%) боқӣ мондааст.
Ғайр аз ин, ҳудуди 64,3 млн нафар (6,9%) ба истеъмоли хӯроки солим имкон надоранд. Ҳарчанд ин нисбат ба нишондиҳандаи миёна дар саросари ҷаҳон камтар бошад ҳам, вале ба сурати умум рақами нигаронкунанда аст.
Об калиди таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа
Дар гузориши нави ФАО (Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ) масъалаи амният дар соҳаи об, ки оби ошомиданӣ, шароитҳои беҳдошт (санитария), танзим ва самаранокии истифодаи обро фаро мегирад, ба миён гузошта шудааст.
Ба масъалаи робита байни амният дар соҳаи об ва озуқаворӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст: талаботи афзоянда ба маҳсулоти чорводорӣ фишор болои захираҳои обро пурзӯр мекунад, бахусус дар кишварҳои дорои сатҳи пасти таъминот бо об.
Миёни мушкилоти калидӣ инфрасохтори фарсудашуда, тағйироти иқлим, ифлосшавӣ, норасоии маълумот ва ҳамкории нокофии фаромарзӣ зикр шудааст.
“Ҳатто бо дастрасии маҳдуд ба об, кишварҳои минтақа нишондиҳандаҳои нисбатан пасти амнияти ғизоиро нишон медиҳанд, - мегӯяд муаллифи гузориш Тамара Наниташвили. - Аммо камбуди оби бехатар ва беҳдошт дар деҳот ба сатҳи ғизо таъсир мерасонад”.
ФАО ба сармоягузорӣ дар захиракунии об, истифодаи такрории об ва коҳиши «осори об» дар кишоварзӣ, инчунин тақвияти ҳамкории минтақавӣ даъват мекунад.
Ин санад аз ҷониби ҳафт созмони СММ, аз ҷумла ФАО, ЮНИСЕФ, Барномаи рушди СММ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ омода шудааст. Онҳо ба дастгирии ҳукумат ва ҷустуҷӯи қарорҳои устувор дар ҳамдастӣ бо шарикони нав изҳори омодагӣ кардаанд.
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста