Дар Тоҷикистон чандин ҳодисаҳое расонаӣ шуданд, ки дар онҳо қаллобон худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро фиреб медиҳанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” матлабе таҳия кард, ки ба шумо дар шинохтани корманди ҳақиқии милитсия, кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудани ӯ ва чӣ гуна рафтор кардан дар ҳолати вайрон кардани ҳуқуқҳои шумо ёрӣ мерасонад.

Дар ин кор ба мо ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ, муассиси ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, инчунин узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилрабо Самадова кумак кард.

Зимни боздошти шаҳрванд дар кӯча корманди милитсия тибқи қоида бояд чӣ гуна худро муаррифӣ кунад?

Корманди милитсия бояд мансаб, ному насаб ва рутба (лейтенант, майор ва ғайра)-и худ, сабаби боздошт ё санҷиш (масалан, санҷиши ҳуҷҷатҳо ё гумонбарӣ ба қоидавайронкунӣ)-ро номбар кунад ва фаҳмонад.

Чӣ гуна метавон санҷид, ки шаҳодатномаи корманди милитсия ё намояндаи ҳокимият ҳақиқӣ аст?

Мутобиқи моддаи 137 қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия”, ба кормандони милитсия шаҳодатномаҳои хидматӣ, ки намунаашон аз ҷониби ВКД ҶТ муқаррар шудааст ва нишонаҳои махсус (жетонҳо) бо  рақами шахсӣ  дода мешаванд. Санҷиши рақам, сурат, муҳр ва имзо дар шаҳодатнома лозим аст.

Ба талаб кардани нишон додани шаҳодатнома ҳақ дорам? Метавонам маълумоти шаҳодатномаро барои худ нависам ё онро сурат гирам?

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, шаҳррванд ба талаби пешниҳоди шаҳодатномаи хидматӣ аз корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои бовар ҳосил кардан ба ваколатҳои ӯ ҳуқуқ дорад.

Шумо инчунин метавонед маълумоти шаҳодатнома (ному насаб, рақами он)-ро барои худ навишта гиред. Суратгирии шаҳодатнома тибқи қонунгузорӣ манъ нест, лекин корманди милитсия ба хотири бехатариву амният ё махфӣ будани маълумот, метавонад дархост намояд, ки суратгирӣ қатъ карда шавад.

Дар ин ҳолат маҳдуд шудан ба сабти маълумот ва дархости ҳуҷҷати расмӣ барои тасдиқи шахсияти корманд кифоя аст.

Корманди милитсия намегӯяд, ки аз кадом шуъба аст ва намегузорад, ки шаҳодатнома бодиққат омӯхта шавад. Дар ин ҳолат ман метавонам талаби ӯро нодида гирам ва аз он ҷо равам?

Аз он ҷо наравед, ҳолатро ба қайд гиред (мувофиқи имкон маълумоти кормандро навишта гиред ё сурат/видео) гиред).

Дар сурати рад шудан, шумо барои сабт шудани қоидавайронкунӣ, метавонед ба телефони фаъол муроҷиат кунед.

Шумо тариқи рақами (+992 37) 2351111 метавонед ба Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ) ва рақами телефони фаъоли 221-21-21 ба ВКД муроҷиат кунед.

Чӣ метавон кард, агар корманди милитсия ба санҷиши ҳуҷҷатҳо исрор варзад, лекин сабабашро шарҳ надиҳад? Ман метавонам талаби ӯро рад кунам?

Агар корманди милитсия ба санҷиши ҳуҷҷатҳо бидуни шарҳи сабаб исрор варзад, ин ҳолатро ба қайд гиред (маълумоти корманд, вақт ва ҷойи ҳодисаро нависед).

Дар сурати зарурат барои шарҳи ҳодиса мустақиман тариқи рақамҳои дар боло зикршуда метавонед ба додситонӣ ё ВКД муроҷиат кунед.

Акси марбута
Сурат: Asia-Plus

Дар кадом ҳолатҳо корманди милитсия метавонед шаҳрвандро дар кӯча боздорад? Ва дар кадом ҳолатҳо ба санҷиши ҳуҷҷатҳои ман ҳақ дорад?

Корманди милитсия дар ҳолати доштани асос ба гумонбарӣ дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба санҷиши ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шумо ҳам дар кӯча ва ҳам дар дигар ҷойҳо ҳуқуқ дорад.

Дар дигар ҳолатҳо корманди милитсия ба санҷиши ҳуҷҷатҳои шумо ҳуқуқ надорад. Дар ин бора муфассалтар дар банди 2, қисми 1, моддаи 11 Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия” маълумот дода мешавад.

Агар ман бо худ ягон ҳуҷҷате надошта бошам, дар кадом ҳолатҳо ӯ метавонад маро ба шуъба барад?

Агар шумо бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (масалан, шиноснома ё шаҳодатномаи шахсият) надошта бошед, корманди милитсия метавонад шуморо бо худ ба шуъба барад.

Ба сурати умум, дар кадом ҳолатҳо метавонанд ба шуъба баранд (ҳатто агар бо худ ҳуҷҷат дошта бошаму онро ба корманди милитсия нишон дода бошам)?

Дар сурати бо худ ҳуҷҷат доштани шумо, корманди милитсия дар чунин ҳолатҳо шуморо ба шуъба бурда метавонад:

- агар гумон дошта бошад, ки шумо қоидавайронкунӣ содир кардаед;

- агар дар аслӣ (ҳақиқӣ) будани ҳуҷҷтаҳои шумо шубҳа дошта бошад ё шахсияти шуморо муайян карда натавонад;

- агар шумо тариботи ҷамъиятӣ ё қонунҳоро риоя накарда бошед ва амалу рафторҳои шумо шубҳанок бошанд;

- агар шумо ба иҷрои талаби корманд, масалан тартиб додани санад (протокол) итоат накунед.

Ӯ метавонад чизҳо/сумка (борхалта)-и манро тафтиш кунад?

Агар корманди милитсия барои гумонбарӣ ба мавҷуд будани чизу ашёҳои марбут ба қонунвайронкунӣ асос дошта бошад, ӯ метавонад чизу ашёҳои шумо, аз ҷумла борхалта (сумка)-и шуморо тафтиш кунад.

Тафтиш ва азназаргузаронӣ бояд дар ҳузурии ду шоҳид ва бо шарҳи сабаб гузаронида шавад.

Ӯ метавонад телефони маро тафтиш кунад?

Агар шумо розӣ набошед, корманди милитсия бидуни қарори додгоҳ, ба тафтиши телефони шумо ҳақ надорад. Телефон маълумоти шахсӣ, аз ҷумла мукотиба, маълумоти молиявиро дар бар гирифта, чизест, ки метавонад танҳо бо қарори суд дар доираи парвандаи ҷиноятӣ ва маъмурӣ мавриди санҷиш ё кофтуков қарор гирад.

Чӣ қадар вақт милитсия метавонад шаҳрвандро дар шуъба нигоҳ дорад? Дар ин ҳолат боздоштшуда чӣ ҳуқуқҳо дорад?

Бидуни пешниҳоди айбнома милитсия на зиёдтар аз 3 соат метавонад шаҳрвандро боздошт кунад.

Агар зимни боздошт дигар амалҳои иловагӣ талаб карда шавад, масалан муайян кардани шахсият, он метавонад то 3 шабонарӯз дароз шавад, лекин барои ин бояд қарори расмӣ қабул шавад.

Ҳуқуқҳои асосии шаҳрванд зимни боздошт

Шумо ҳуқуқ доред ба:

- донистани сабабҳои боздошт;

- гирифтани адвокат;

- хомӯшӣ (ба баёнот додан зидди худ уҳдадор нестед);

- даъвати хешовандону пайвандон;

- пешниҳоди ариза дар бораи вайрон кардани ҳуқуқҳои худ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.