Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки тақсими даромадҳо (фоида аз даромад)-и Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баррасӣ шавад.
Ҳоло ду агрегати ин нурӯгоҳ аз солҳои 2018-2019 бо иқтидори маҳдуди истеҳсолӣ фаъолият мекунанд.
Дар ин бора аз 26-уми марти соли 2025 қарори ҳукумат ба имзо расид, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст.
Тибқи ин санад, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шудааст, ки дар маҷлиси умумии саҳмиядорони ҶСК “НБО Роғун” мутобиқи тартиби муқарраргардида қарор “Дар бораи тартиби тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши неруи барқ (дохилӣ ва содиротӣ)-и дар неругоҳи барқи обии “Роғун” истеҳсолшаванда”-ро қабул кунад.
Ҳамчунин ин Кумита муаззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва Шӯрои нозирони ҶСК “НБО Роғун” иҷрои мунтазами қарорҳои маҷлиси умумии саҳмиядорони ин ҷамъиятро таъмин намояд.
Бояд гуфт, ки масъалаи тақсими даромадҳо аз фурӯши нерӯи барқ ва барномаи тақсими фоидаи ин ширкат, дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ зимни ҷаласаи ғайринавбатии саҳмиядорон баррасӣ гардид.
Дар баробари ин, ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия рӯзи 28-уми имсол бо судури як қарор дастур дод, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии ин ниҳод суратҳисоби махсуси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқе, ки НБО-и “Роғун” истеҳсол мекунад, боз намояд.
Ёдрас мешавем, ки маҷлиси умумии саҳмиядорони ҶСК “НБО Роғун” аз соли 2011 инҷониб баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки айни ҳол саҳмиядорони ин ширкат ғайр аз ҳукумати Тоҷикистон, ки тақрибан 98% саҳмия дорад, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дар Тоҷикистон фурӯши густардаи саҳмияҳо аз 6-уми январи соли 2010 оғоз гардид ва то моҳи майии соли 2012 идома кард. Ба иттилои Вазорати молия дар маҷмӯъ, аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои хайриявӣ 890 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардид.
Мувоффиқи маълумоти расмӣ сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” зиёда аз 40 миллиард сомонӣ (3,7 миллиард доллар”-ро ташкил медиҳад.
Дар соли 2008, замоне ки сохтмони дубораи НБО “Роғун” оғоз гардид ва ҶСК таъсис ёфт, сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 16 миллион сомонӣ муайян шуда буд.
Ёдрас мешавем, ки айни замон ду агрегати аввали ин нерӯгоҳ бо иқтидори маҳдуд кор мекунанд. Интизор меравад, ки агрегати навбатии он давоми соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.
Ба маълумоти Вазорати энергетика, дар соли 2024-ум, НБО “Роғун” 1 миллиарду 220 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ин тақрибан 5,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар кишварро дар соли гузашта ташкил медиҳад.
Айни ҳол идораи нерӯгоҳро ҶСК “НБО Роғун” бар уҳда дорад, ки он таҳти назорати ҳукумат қарор дорад. Дар назар аст, ки баъди пурра ба охир расидани сохтмони НБО “Роғун”, он ба тавозуни ҶСК “Барқи Тоҷик”, ки масъули идоракунии иқтидорҳои тавлидкунандаи давлатии кишвар аст, супорида мешавад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини ин нерӯгоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст. Барои ин, ҳукумат бояд сармоягузории на камтар аз 6,4 миллиард долларро пайдо намояд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста