Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд, хатсайрҳои нав дар масири Душанбе–Иссиқкӯл-Душанбе ва Хуҷанд–Иссиқкӯл-Хуҷанд ташкил кунанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо тасмим доранд, шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои Душанбе–Бишкек ва Хуҷанд–Бишкек, ки ҳоло ҳафтае як маротиба аст, бештар кунанд.
Ин масъала дар вохурии Ҳабибулло Назарзода ва Бостонов Данияр, директорони Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар он Омуров Торокелди, директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” низ ҳузур дошт, рӯзи 15-уми апрел баррасӣ шудааст.
“Дар рафти мулоқот масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд, кушодани парвозҳо дар хастайри Душанбе – Иссиқкӯл ва Хуҷанд – Иссиқкӯл, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба бехатарии парвозҳо рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд”, - навиштааст манбаъ.
Оҷонсӣ дар хусуси аз кай оғоз гардидани парвозҳо байни шаҳрҳои Душанбе- Иссиқкӯл ва Хуҷанд – Иссиқкӯл маълумот надодааст. Дар ин ниҳод гуфтанд, ин масъала дар баррасӣ қарор дорад.

Ба навиштаи манбаъ, ҷонибҳо дар вохӯрӣ лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Қирғизистон” имзо кардаанд.
Ин санад ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи ҳавонаварӣ ба имзо расидааст.
Парвози доимӣ дар масири Душанбе-Бишкек ва баръакс аз рӯзи 23-юми март ва Бишкек ба Хуҷанд ва баръакс аз рӯзи 8-уми апрел амал мекунад. Парвоз аз Душанбе ба Бишкек ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ва аз Бишкек вба Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом меёбад.
Бояд гуфт, баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи оид ба сарҳад имзо шуд ва зимни мулоқоти раисони ду ҷумҳур дар кишвари ҳамсоя эълон гардид, ки минбаъд хатсайри ҳавоии Душанбе – Бишкек ва фаъолияти ду гузаргоҳи сарҳадӣ аз сар гирифта мешавад.
Оиди роҳҳои аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафтан, таърихи баҳси марзӣ ва боз шудани сарҳад миёни ду кишвар дар матлаби “Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?” мутолиа кунед.





Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста