Терминали нави мусофиркашонӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд аз 1-уми октябр муваққатан ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ин бора ба Asia-Plus котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов иттилоъ дод.
“Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон ва пешвозгирию гусели онҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бинои терминали мусофиркашонии навро ба истифода дод. Ин ҳоло кушодашавии расмӣ нест, танҳо муваққатӣ”, - иброз дошт котиби матбуотӣ.
Вай афзуд, ки феълан дар толори интизории терминали нав шароити зарурӣ барои будубош ва иттилотонии мусофирон муҳайё карда шудааст. Акнун мусофирон метавонанд то оғози бақайдгирӣ вориди толори нав шаванд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки барои қабулу гусели мусофирон дар толори нав дигар шароити зарурӣ низ батадриҷ фароҳам мешавад.
Корҳои сохтмонии терминал соли 2016 шурӯъ гардиданд. Баъд аз анҷоми сохтмон терминал метавонад дар як соат ба 500 мусофир хизмат расонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.