Таваққуфгоҳҳои муздноки худкор барои мошинҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи инфрасохтори шаҳрӣ дар саросари ҷаҳон гаштаанд. Ҳадафи асосии онҳо – ҳалли мушкили таваққуфи бесарусомон, кам кардани шумораи мошинҳо дар кӯчаву хиёбон ва ташвиқи истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Ин масъала бахусус дар шаҳрҳои бузург рӯзмарра аст, зеро набудани ҷой ва шиддатнокии ҳаракати нақлиёт дар ин гуна шаҳрҳо, боиси танбашавии воситаҳои нақлиёт мегардад.

Имрӯз ҷорӣ кардани таваққуфгоҳҳои муздноки худкор барои шаҳрҳои кишварҳои ИДМ аҳамияти хосса пайдо кардааст, чунки ҷорӣ намудани чунин низомҳо на танҳо ба пешгирии ҳодисаҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт, балки ба буҷети шаҳр даромад меорад, ки онро метавон барои беҳтар кардани инфрасохтор, сохтмони роҳҳои нав ва ободонии шаҳр истифода бурд.

 

Озарбойҷон

Дар Боку таваққуфгоҳҳои муздноки худкор ба чор минтақа тақсим шудаанд, ки арзиш дар ҳар як минтақа фарқ мекунад. Гаронтарин тавақуфгоҳ дар минтақаи марказӣ аст, ки як соати  таваққуф дар он ҷо 1 манат (6,50 сомонӣ) нарх дорад.

Низом бо мақсади беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт дар шаҳр ва коҳиши сарборӣ дар шабакаи нақлиётии маркази пойтахт роҳандозӣ шудааст.

Солҳои охир ҳукумати ин кишвар майдонҳои таваққуфгоҳро фаъолона навсозӣ карда, барои осон кардани пардохт технологияҳои нав ҷорӣ менамояд.

 

Арманистон

Таваққуфгоҳҳои муздноки худкор дар Ереван чанд сол пеш пайдо шуда, ба ҷузъи стратегияи шаҳрӣ ҷиҳати сабук кардани сарборӣ дар кӯчаҳои марказӣ табдил ёфтанд.

Як соати таваққуф 300 драми арманӣ (8,30 сомонӣ) арзиш дорад. Пардохтҳо метавонанд тавассути барномаҳои мобилӣ сурат гиранд, ки истифодаи низомро осон мекунад.

Ереван барои беҳтар кардани вазъи экологӣ дар шаҳр, минтақаҳои таваққуфгоҳҳои пулакиро фаъолона ҷорӣ ва васеъ мекунад.

Барои то 5000 драми арманӣ (137 сомонӣ) пардохт нашудани маблағи таваққуфгоҳ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Белорус

Таваққуфгоҳҳои муздноки худкор дар Минск аввали даҳаи солҳои 2010-ум пайдо шуданд. Айни замон нархи 1 соати таваққуфгоҳ 3 рубли беларусӣ (10 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Минтақаҳои муздноки худкор асосан дар маркази тиҷоратии шаҳр ҷойгиранд, ки барои коҳиши сарбории нақлиёт дар кӯчаҳо кумак карда, ҷойи бештарро барои таваққуфи кӯтоҳмуддат бештар мекунанд.

Ҳаҷми ҷарима барои пардохт нашудани маблағи таваққуфгоҳ 40 рубли беларусиро ташкил медиҳад, ки ба 134 сомонӣ баробар аст.

 

Қазоқистон

Қазоқистон яке аз аввалинҳо шуда дар минтақа ба ҷорӣ кардани таваққуфгоҳҳои муздноки худкор шурӯъ кард.

Дар Алмато ва Остона минтақаҳои таваққуфгоҳ бо аломатҳои иттилоотӣ ва низомҳои пардохти муосир муҷаҳҳаз шудаанд. Тарифҳо вобаста ба ҷойгиршавии таваққуфгоҳ аз 100 то 150 танга (2,20–3,15 сомонӣ)-ро ташкил медиҳанд.

Ин ба танзими ҳаракати автомашинаҳо ва ҳавасмандсозии истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаҳои марказӣ имкон медиҳад.

Дар омади гап, дар Қазоқистон ҷарима барои пардохт накардани ҳақи таваққуфгоҳ 30 дақиқа пас аз гузоштани мошин пешбинӣ шудааст.

Остона
Акс аз Турар Муссин

 

Қирғизистон

Дар Қирғизистон низоми таваққуфгоҳҳои муздноки худкор пеш аз кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар Бишкек сарфи назар аз вақти дар таваққуфгоҳ қарор доштани автомашина, тарифи ягона амал мекунад – 25 сом (3,15 сомонӣ).

Ин соддагии ҳисоби тарифҳо, таваққуфгоҳҳоро барои аксари сокинон ва меҳмонони шаҳр дастрас месозад. Лекин бо сабаби набудани тарифҳои гуногун, низом на ҳамеша барои сабук сохтани ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказӣ ёрӣ мерасонад.

Дар Қирғизистон ҷарима барои пардохт нашудани маблағи таваққуфгоҳ 1000 сомро ташкил медиҳад, ки ба 126 сомонӣ баробар аст. Дар сурати пардохти саривақтӣ, тахфиф пешниҳод мешавад.

 

Русия

Миёни кишварҳои минтақа низоми таваққуфгоҳҳои муздноки худкор аз ҳама бештар дар Русия рушд ёфтааст. Дар Маскав ва Санкт-Петербург минтақаҳои таваққуфгоҳҳои муздноки худкор ҳанӯз аввали солҳои 2010-ум ҷорӣ шуда буданд.

Таърифаҳо вобаста ба минтақа аз 40 рубли русӣ (4 сомонӣ) то 600 рубли русӣ (62 сомонӣ) муқаррар шудааст. Таърифаҳои баланд дар маркази пойтахт ба кам кардани шумораи автомобилҳо ва истифодаи бештари нақлиёти ҷамъиятӣ кумак мекунанд

Ҷарима барои пардохт нашудани маблағи таваққуфгоҳ дар Русия 5 ҳазор рублро ташкил медиҳад, ки ба 500 сомонӣ баробар аст.

Маскав
Акс аз АГН "Москва"

 

Тоҷикистон

Таваққуфгоҳҳои муздноки худкор дар Тоҷикистон соли 2024 дар Душанбе ва бо мақсади ҳалли мушкили таваққуфи бесарусомон, беҳтар кардани ҳаракати нақлиёт дар шаҳр ва беҳбуди интизом миёни ронандагон ҷорӣ шуданд.

Даҳ дақиқаи аввали таваққуф ройгон аст, ки ин низомро барои таваққуфҳои кӯтоҳмуддат бароҳат месозад. Пас аз ин ҳар як соат 3 сомонӣ арзиш дорад, ки яке аз арзонтарин таърифаҳо дар минтақа мебошад.

Ҳамчунин шабона (аз соати 22:00 то 7:00) таваққуф бепул аст, ки барои сокинони шаҳр фоидаовар мебошад. Барои пардохт технологияҳои муосир, аз ҷумла замимаҳои мобилӣ ва QR-рамзҳо истифода мешаванд.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон абонементҳо барои таваққуфгоҳҳои муздноки худкор низ дастрасанд. Шумо метавонед абонементе интихоб кунед, ки ба шумо маҳз ҳамчун ронанда бештар мувофиқ бошад. Масалан, пардохт кардани миқдори номаҳдуди таваққуфҳо барои як ҳафта, як моҳ, семоҳа ва ғайра. Ё, масалан, пардохт кардани як ҷойи муайяни таваққуф.

Ба ин тариқ, дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон ба ронандагон як низоми дастрас ва мувофиқи таваққуфгоҳи муздноки худкор пешниҳод мекунад.

 

Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон низ таваққуфгоҳҳои муздноки худкор нисбатан нав мебошанд. Соли 2024 дар Тошканд минтақаҳои таърифавӣ барои таваққуфгоҳҳои муздноки худкор дар паҳлӯи роҳҳо тасдиқ шуданд. Арзиши 1 соати таваққуфгоҳ аз 5 000 то 12 000 сӯм (4–10 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Минтақаҳои муздноки худкор ноҳияҳои марказии шаҳрро дар бар мегиранд, ки дар онҳо ҳаракати нақлиёт бештар аст. Дар низоми нави пардохт инчунин истифодаи замимаҳои мобилӣ ва QR-рамзҳо пешбинӣ шудаст, ки ҷараёни пардохтро барои ронандагон осон мекунад.

Ҷарима барои пардохт нашудани маблағи таваққуфгоҳ ба 680 000 сӯм (575 сомонӣ) баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.