Ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки дар он манъи кор барои муҳоҷирон дар соҳаи таҳсили мактабӣ ва томактабӣ, тибу дорусозӣ ва мусофирбарӣ пешбинӣ шудааст.

Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, ки машғул шудан ба "навъҳои муайяни фаъолиятҳоеро, ки аз онҳо даромади аз ҳисоби миёна зиёдтар ба даст оварда мешавад ё шаҳрвандони Русия ба онҳо талабгор бошанд", манъ кунанд.

Аз ҷумла, дар лоиҳаи қонун манъи кор ба сифати боррасон (курйер), ки дар он музди меҳнат метавонад зиёда аз 100-120 ҳазор рубл дар як моҳ бошад, пешниҳод мешавад.

Дар шарҳ ба қонун гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷии хоҳишманди кор дар соҳаи маориф “барои омӯзонидани арзишҳои анъанавии Русия ба насли наврас таҷрибаи зарурӣ ва собиқаи фарҳангӣ надоранд”.

Сурат аз ura.news

Ғайр аз ин, ба ақидаи ташаббускорони лоиҳаи қонун, “танҳо шаҳрванди Русия, ки доимо дар кишвари худ зиндагӣ мекунад”, метавонад ба насли наврас ин “арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла оилавӣ, фарҳангӣ ва ватандӯстӣ”-ро таълим диҳад.

Муаллифони лоиҳаи қонун ба сатҳи омодгаии нокофии шаҳрвандон ба ақидаи онҳо, дар соҳаи тибу дорусозӣ ва вобастагии таҷрибаву дониши гирифтаи онҳо “ба муассисаи таълимӣ” ишора мекунанд.

Омили дуюми таъсирррасон ба сифати расонидани хидматрасониҳои тиббӣ ва дорусозӣ дуруст гузоштани ташхис ва муайян кардани дастгоҳ мебошад, ки дар натиҷаи муошират байни корманди тиббӣ, дорусоз ва ҳамкорон ҳосил мешавад.

“Бисёре аз истилоҳоти тиббӣ аз забони гуфтугӯи маъмулӣ бо забони русӣ, ки муоширати маъмулӣ ва санҷиши шаҳрвандони хориҷии ба қаламрави Русия воридшуда бо мақсади кор тариқи он сурат мегирад, фарқ мекунад”, - менависанд муаллифони лоиҳаи қонун.

Вакилон бар ин назаранд, ки омили сеюми маҳдуд кардани имкони хориҷиён ба фаъолияти тиббӣ ва дорусозӣ “дар сатҳи пасти масъулияти шахсӣ, аз ҷумла дар назди ҷомеа дар қиёс бо масъулияти шаҳрванди Русия ифода меёбад”.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Думаи давлатӣ аз ҷониби роҳбари фраксияи “Справедливая Россия - За правду» ва муовини аввали роҳбари фраксия Яна Лантратова пешниҳод шудааст.

Думаи давлатии Русия
Сурат аз торнамои Думаи давлатӣ

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 31 июл Думаи давлатӣ дарҳол дар қироати якум ва сеюм қонун дар бораи ба қайди ҳарбӣ гузоштанро ҳамчун шарти ҳатмӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия қабул кард.

Ҳамчунин маълум шуд, ки то охири иҷлосияи баҳорӣ, ки 4 август ба охир мерасад, қабули тағйирот ҷиҳати то ду сол дароз кардани муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, инчунин боло бурдани синнусоли даъвати ҳарбии онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Охири моҳи июл раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин ба раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин феҳристи маҷмӯи тадбирҳо барои муайян кардани “сабабҳои содир кардани ҷиноятҳо дар соҳаи муҳоҷират”, инчунин таҳияи чораҳои бартараф намудани онҳоро супурд.

Ин тадбирҳо иборатанд аз:

- таҳлили «талаботи воқеии иқтисод ба муҳоҷирони корӣ» бо мақсади таҳияи «чораҳои муассир» нисбат ба муҳоҷироне, ки «ба суботи дохилии давлат таҳдид мекунанд»;

- таҳияи “харитаи роҳ барои иваз кардани муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳрвандони Русия”;

- таҳияи барномаи «ҷойивазкунии русиягиҳо дар дохили Русия» аз як минтақаи сатҳи бекориаш баланд ба минтакқи дигар, ки дар он қувваи корӣ намерасад;

- вазифадор кардани корфармоён ба ҷуброни хароҷоти муҳоҷирон дар нақлиёт, аз ҷумла маблағгузорӣ ба пасандоз дар сурати ихроҷи онҳо, инчунин таъмин бо манзил;

Александр Бастрикин
Сурат аз theins.ru

- ҳавасманд кардани тоҷирони Русия барои ба кор қабул кардани шаҳрвандони Русия;

- аз кӯдакони муҳоҷир талаб кардани донистани забони русӣ дар сатҳи қабул кардан ба муассисаи таҳсилоти умумӣ;

- маҷбур кардани муҳоҷирон ба гирифтани симкорти Русия ҳангоми ворид шудан ба Русия;

- муайян кардани механизми пешгирӣ кардани имконияти пайдоиши «хонаҳои резинӣ».

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.