Аз Вазорати фарҳанг гуфтанд, ки дар кишвар дастурамали тавсиявии либосҳои миллии мардона ва занона омода кардаанд, ки аз 16 боб иборат аст ва ба зудӣ нашру дастраси аҳолӣ мешавад.
Хуршед Низомӣ, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат ва таҳиягари ин китоб дар нишатси матбуотии имрӯза, 27-уми январ гуфт, ин дастурамал танҳо характери тавсиявӣ дорад.
Ӯ афзуд, ки дар ин китоб пӯшидани либос дар кӯча, дар рӯзҳои истироҳатӣ ва дар ҷашну маросим тавсия мешавад.
Бояд гуфт, ки манъи воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо соли гузашта баҳсҳои зиёдро ба бор оварда буд.
Ин маҳдудият ҳам моҳи майи соли 2024 дар асоси моддаи 18-и Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман ҷорӣ шуд, вале масъулин истилоҳи “либоси бегона”-ро ба таври гуногун шарҳ доданд.
Пештар аз ин, вазири пешини фарҳанг Зулфия Давлатзода гуфта буд, дар мавриди дастурамали либосҳои тавсиявии мардони Тоҷикистон кор бурда истодаанд. Он ба куҷо расид маълум нест.
Фаъолияти блогерон тибқи қонун ба танзим медарояд
Ҳамчунин, дар нишаст Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, барои ба танзим даровардани фаъолияти блогерон дар сатҳи қонун чораандешӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вазир, ҳоло ба як қатор қонунҳои кишвар, ба вижа ба қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” барои танзими фаъолияти блогерон тағйирот пешбинӣ шудааст.

Ба қавли Сатториён, мутахассисон талош доранд, ки фаъолияти блогеронро ба таври қонунӣ ба танзим дароваранд.
“Ҳамчунин, барои баланд бардоштани саводи расонаӣ ва баланд бардоштани савияи фарҳангии ҷомеа як қатор чораҳо андешида шуда истодааст. Фаҳми ҷомеа ҳам баланд шавад, худ аз худ муҳтавои паст ҳам аз байн меравад”, - илова кард вазири фарҳанг.
“Фишанг” барои танзими фаъолияти сарояндагон
Дар идомаи нишаст, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг гуфт, барои ба танзим даровардани фаъолияти овозхононе, ки дар дастаҳои ҳунарӣ кор намекунанд, мустақилона тарона таҳия мекунанд ва аз беруни кишвар дар фазои тоҷикӣ ба нашр мерасонанд, “фишанге таҳия шуда истодааст”.

Ба қавли ӯ, ин фишанг “садди роҳи бенизомӣ дар таҳияи суруди мусиқӣ мешавад”. Вале ӯ дақиқ дар бораи ин “фишанг” шарҳе надод.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир аҳли зиё ва фарҳангиёни тоҷик аз фаъолияти бенизоми блогерон ва сатҳи пасти сурудаҳои овозхонони ҷавони тоҷик нигаронӣ доранд ва аз масъулин хостори ба танзим даровардани ин вазъ шудаанд.
Дар нишасти матбуотии имрӯзаи вазорати фарҳанг боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуд, дар ин гузориш хонед.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста