Ташкилоти амонативу қарзии хурди LOLC Молия Наврӯзро бо тақдими ширинӣ ва табрики шаҳрвандон дар хиёбонҳои пойтахт таҷлил кард.
Дар баробари ин, иқдоми ҷолибро рӯйи даст гирифт ва маҳсулоти нав - пасандози “Муваффақият”-ро пешкаш намуд. Шартҳои ин навъи пасандоз камназир буда, фоизи даромади солонаи он 20% аст ва бо 3 ҳазор сомонӣ боз мешавад.
Ин иқдом дар доираи стратегияи асосии ташкилот – диққати сазовор ба ҳар як мизоҷ новобаста аз ҳаҷми амалиёт таҳияву пешниҳод гардид.
LOLC Молия инчунин дигар бартариятҳоро низ дорад. Аз ҷумла, ба мизиҷон бо талаботи минималӣ ва дар фурсати кам қарз пешниҳод мекунад ва шартҳои ироаи он ҳам қулай мебошанд.
Бояд гуфт, LOLC Молия яке аз ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва бонуфуз аст, ки дар 27 давлати дунё фаъолият карда, беш аз 2 миллион мизоҷ дорад. Аз ҷумла, дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон воҳидҳои сохторӣ дошта, ба аҳолӣ хадамоти молиявӣ пешниҳод менамояд.
“Ҷиҳати супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон солҳли 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ” эълон намуданд, ташкилоти мо тасмим гирифтааст, хидматрасониҳои рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро ба аҳолӣ бештар дастрас намояд. Мо барои ҳама соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба аҳолӣ қарзҳоро бо фоизи дастрас пешниҳод менамоем. Дар ташкилоти мо пасандоз бо шартҳои қулай ва даромаднокии зиёд қабул карда мешавад. Ба ғайр аз пешниҳоди қарз ва ҷалби пасандозҳо, инчунин хидматрасониҳои мубодилаи асъор, интиқоли маблағ ва пешниҳоди кафолати бонкӣ низ барои мизоҷон дастрас мебошад”, - мегӯяд Абдулфайз Мирзоев, директори тиҷоратии LOLC Молия.
Нишонии саридораи LOLC Молия дар Душанбе: хиёбони “Деҳи Боло”, 180, наздикии маҳаллаи маъруф ба “Қарияи Боло”.
Маълумоти пурра дар www.lolcmoliya.tj
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста