Имрӯз, 17-уми апрел, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, муовини аввали ноиби раиси ҷумҳури Эрон мулоқот кардааст. Ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳо таваҷҷуҳ карда, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, тандурустӣ ва илму фарҳанг ҳавасмандии хешро иброз доштаанд.

Дар ин хусус хабаргузории “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки дар вохӯрӣ ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шудааст.

Тарафҳо баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки давлатҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро, ки моҳи майи имсол баргузор мешавад, идомаи мантиқии ҳавасмандии ду ҷониб барои рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 15-уми апрел ҳайати кории Эрон бо раҳбарии Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, муовини аввали ноиби раиси ҷумҳури Эрон бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омад. Ӯ дар доираи сафар бо вазирони рушди иқтисод, энергетика ва саноати  Тоҷикистон гуфтугӯ ва аз осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид кард.

Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ва Завқӣ Завқизода
АМИТ "Ховар"

Ӯ дар суҳбат бо Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки рӯзи 15-уми апрел сурат гирифтааст, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро баррасӣ кардааст.

“Гардиши савдои хориҷии дуҷониба дар соли 2024 ба 378 миллион доллар баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 1,5 маротиба афзудааст”,-зикр шудааст дар мулоқот.

Дар вохӯрӣ зикр шудааст, ки Тоҷикистон барои бунёди корхонаҳои саноатии муштарак дар самти истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, саноати кимиёвӣ, дорусозӣ, нассоҷӣ, кишоварзӣ имкон дорад.

Муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки ҷиҳати истифода бурдани долонҳои транзитӣ, баргузории намоишгоҳҳо ва иштироки бахши хусусӣ дар он, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва рушди сайёҳӣ омодаи ҳамкорӣ аст.

Далер Ҷумъа ва Алӣ Наҷафии Хушрудӣ
АМИТ "Ховар"

Дар идома рӯзи 16-уми апрел Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар ва Алӣ Наҷафии Хушрудӣ дидору гуфтугӯ кардааст.

Далер Ҷумъа дар мулоқот гуфтааст, ки гардиши савдои дуҷониба миёни Тоҷикистону Эрон дар се моҳи имсол 110,6 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 млн зиёд мебошад.

Дар мулоқоти Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар ва Алӣ Наҷафии Хушрудӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ва Эрон хостори таҳкими ҳамкории  саноатӣ ҳастанд. Ҷонибҳо самтҳои  ҳамкорӣ ва роҳҳои таҳкиму густариши муносибатҳо байни ду кишварро дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва технологияҳои нав баррасӣ кардаанд.

Дар доираи ин сафар рӯзи 16-уми апрел ҳайати Эрон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафтанд ва бо таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик  шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки сафари ҳайати Эрон дар Тоҷикистон то 17-уми апрел идома кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.