Акси кӯдаки 9-солаи фаластинӣ, ки бар асари ҳамлаи Исроил ду дасти худро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шудааст. Дар ин бора World Press Photo иттилоъ додааст.
World Press Photo созмонест, ки қариб 70 сол инҷониб дар соҳаи фотожурналистика озмун баргузор карда, аксҳои соли матбуотро муайян месозад.
Имсол барои ин озмун 59 ҳазору 320 акс аз ҷониби 3 ҳазору 778 аксбардор аз 141 кишвари ҷаҳон ирсол шуд, ки дар ниҳоят 1 акси сол ва 2 акси финал имрӯз, 17-уми апрел, дар Амстердам эълон гардид.
Тибқи сомонаи расмии World Press Photo, ҳайати доварон акси Маҳмуд Аҷури 9-солаи фаластиниро, ки дар ҷараёни як амалиёти низомии Исроил бар асари таркиш дар навори Ғазза маҷрӯҳ шуд, акси соли 2024 эълон кардаанд.
Маҳмуд Аҷур пас аз он ки дар як ҳамла ду дасташро аз даст дод, хонаводааш ба Қатар паноҳанда шуданд ва дар ин кишвар табобат гирифт. Ҳоло кӯдак бо пойҳо бозӣ кардан, навиштан ва кушодани дарҳоро ёд гирифтааст, аммо бе кӯмаки дигарон ӯ наметавонад аз ӯҳдаи аксари корҳои ҳаррӯза, ба мисли хӯрок хӯрдан ё либос пӯшидан барояд. Маҳмуд орзу дорад, ки дасти сунъӣ насб кунад ва мисли кӯдакони дигар зиндагӣ намояд.
Муаллифи акс Самар Абу Элуф, аккоси нашрияи “The New York Times” аст. Ӯ як муддат дар навори Ғазза қарор дошт ва ҳамлаи Исроил ба Фаластинро бо аксҳояш дар нашрияи “The New York Times” инъикос мекард. Дар пайи ҳамлаҳои харобиовари моҳи декабри соли 2023 ӯ маҷбур шуд, ки навори Ғаззаро тарк кунад. Баъдан дар моҳи июни соли 2024 дар Давҳа, пойтахти Қатар, бо Маҳмуд Аҷур мулоқот карда, сарнавишти варо расонаӣ кард.
Самар Абу Элуф барои аксҳояш барандаи ҷоизаҳои сершумор шудааст. Соли 2024 аз ҷониби Донишгоҳи Лонг Айленд ба ӯ Ҷоизаи Ҷорҷ Полк дода шуд ва худи ҳамон сол кори ӯ дар Ҷоизаҳои Photos Istanbul эътироф шуд. Ӯ ҳамчунин барои аксҳояш аз Ғазза Ҷоизаи ҷасорати журналистиро, ки ҳамасола аз ҷониби Бунёди байналмилалии расонаҳои занон тақдим мешавад, ба даст овард.
Исроил дар пайи ҳамлаи гурӯҳи ҲАМОС дар моҳи октябри соли 2023 дар навори Ғазза амалиётро оғоз кард. Дар натиҷаи бомборони ин борика беш аз 50 ҳазор нафар дар Фаластин ҷон бохтанд.

Дар ин озмун боз 2 акси дигар, ки муҳоҷирати чиниҳо ба Амрико ва хушксолӣ дар Амазонкаро нишон медиҳад, аксҳои финалии озмун ё худ акси сол эълон шудааст.
Ин акс, ки аз ҷониби аккос Ҷон Мур дар моҳи марти соли 2024 дар Калифорния бардошта шудааст, дар бораи як гурӯҳи муҳоҷирони чинӣ ҳикоят мекунад, ки пас аз убур аз сарҳади Мексика дар зери борон монданд ва худро дар атрофи оташ гарм мекунанд.
Дар акси дигар, ки моҳи октябри соли 2024 аз ҷониби аксбардори перуӣ Мусука Нолте, марде дар иёлати Амазонаси Бразилия ба модараш, ки дар деҳаи Манакапуру зиндагӣ мекунад, ғизо мебарад. Қаблан дар ҳамин замин об буд ва мардум қаиқ меронданд, аммо ҳоло дар ин ҷо рӯйи реги тасфон роҳ тай мекунанд.

Ғайр аз ин се акс, боз 42 акси дигар дар манотиқи гуногун акси муҳим эътироф шудааст. Аз ҷумла, дар миёни ин аксҳо сурати тирхӯрдаи президенти Амрико Доналд Трамп низ ҷойгир аст.
World Press Photo, ки соли 1955 таъсис ёфтааст, масъули озмуни ҳарсолаи фотожурналистии "World Press Photo of the Year" мебошад. Ҳадафи созмон дастгирии аксбардории касбии матбуот дар сатҳи байналмилалӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии тағйирот дар фотожурналистика, дастгирии интиқоли дониш, муайян кардани стандартҳои баланди касбӣ дар фотожурналистика ва мусоидат ба табодули озод ва бидуни маҳдудияти иттилоот мебошад.
Дар ин озмун ҳамасола аз рӯи номинаҳои санъат ва фароғат, хабари доғ, нақши инсон дар хабар, ҳодисаҳо, портретҳо, ҳаёти ҳаррӯза, табиат, мушкилоти мубрами рӯз ва варзиш аксҳои сол эълон мешаванд.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста