Шӯрои уламои Русия ба мусулмонони кишвар иҷоза додааст, ки бо шарти муносибати боадолатона ва баробар бо ҳамаи ҳамсарон то чор ақди никоҳи динӣ банданд. Дар ин бора Илдар Аляутдинов, муовини раиси Шӯро ва муовини раиси Раёсати динии мусулмонони Русия, муфтии Маскав  ба РИА Новости хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи васеи Шӯро дар бо номи “Мушкили бисёрзанӣ дар ҷомеаи мусулмонии Русия”, ки дар он фатво содир шудааст, рӯзи 18-уми декабр баргузор шудааст.

“Дар бораи имкони аз ҷониби мард ақди никоҳи динӣ бастан дар як вақт бо ҳамсари дуюму сеюм ва ҳатто чорум тасмим гирифта шуд”, - гуфтааст Аляутдинов.

Муфтӣ гуфтааст, ки агар ҳамсар бо сабаби саломатӣ имконияти таваллуд кардан надошта бошад, қобилияти репродуктивиаш ба охир расида бошад, номувофиқатии ҷинсӣ вуҷуд дошта бошад ё зан хоҳиши таваллуди фарзандонро надошта бошад мусалмон метавонад бо зани дигар ақди никоҳи нави динӣ банданд,

Ходими дин зикр кардааст, ки шарти асосии иҷозаи бисёрҳамсарӣ - баробарӣ ва муносибати одилонаи шавҳар ба ҳамаи ҳамсарҳо мебошад.

“Ин баробарӣ бояд дар шакли таъмини моддии якхела барои ҳамаи занон, таъмини ҳар кадоме аз онҳо бо манзил ва тақсими баробари вақти шавҳар бо ҳамаи ҳамсарон зоҳир гардад. Агар ин шартҳо риоя нашаванд, ба мард барои бастани ақди никоҳи бисёрзанӣ иҷоза дода намешавад”, - илова кардааст муфтӣ.

Ба гуфтаи муфтӣ, марде, ки аллакай дар ақди никоҳ қарор дорад, бояд ҳамсарашро аз нияти бастани никоҳи нав бо зани дигар огоҳ созад.

"Зандор буданро набояд пинҳон кард. Агар ҳамсари дуюм аз ин масъала хабар надошта бошад ё ба ин розӣ нашавад, ӯ ҳақ дорад, ки аз никоҳи худ даст кашад ва онро бекор кунад (издивоҷ тибқи меъёрҳои исломӣ)," – гуфтааст муфтӣ.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки марде, ки мехоҳад никоҳи дуюми динӣ бандад, бояд ҳамаи кӯдаконро фарзандхонӣ кунад ва инчунин васиятномаро аз лиҳози нотариалӣ ба расмият дарорад.

Ба иттилои РИА Новости, муфтӣ таъкид доштааст, ки ин фатво меъёрҳои Кодекси оилаи Русияро иваз намекунад, балки танҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсаронеро, ки дар ақди никоҳи динӣ қарор доранд, шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Ба гуфтаи Аляутдинов, қонунгузории Русия танҳо як никоҳро, ки дар идораи САҲШ (ЗАГС) ба қайд гирифта шудааст, эътироф мекунад. Аммо чун оилаҳои бисёрзанӣ, ки танҳо дар никоҳи динӣ қарор доранд, амалан вуҷуд доранд, ҳуқуқҳои занони ин гуна оилаҳо бояд мушаххас гарданд.

“Ҳуқуқҳои зани дар никоҳи динӣ қарордошта аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзим нашудаанд. Хулосаи фиқҳии мо ба онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои зарурӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ кумак мекунад”, - илова намудааст муфтӣ.

Қонунгузории Русия дар як вақт бастани ду ё зиёда никоҳро иҷоза намедиҳад. Тавре ки Медуза менависад, дар Кодекси оилаи Русия зикр шудааст, ки ақди никоҳ байни шахсоне, ки ҳадди ақалл яке аз онҳо аллакай дар никоҳи расмии сабтшуда қарор дорад, ғайриимкон аст.

Қаблан барои қонунӣ гардонидани бисёрҳамсарӣ дар қонунгузории Русия мақомоти Чеченистон изҳори назар карда буданд. Магомед Довудов («Лорд»), яке аз наздикони роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, соли 2015 изҳор карда буд, ки "чун ин ҳолат (кор) маъмул аст, ба таври қонунӣ танзим кардани он беҳтар аст".

Довудовро он замон ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Чеченистон Нурди Нухажиев дастгирӣ намуда буд.

Мавзӯи бисёрҳамсарӣ дар соли 2015 дар пасманзари баргузории тӯйи никоҳи 17-солаи Луиза Гойлабиева бо сардори 46-солаи ШВКД, ки тибқи маълумоти ВАО аллакай як зан дошт, муҳокима шуд.

Нашрияи «Проект» соли 2021 хабар дод, ки Рамзан Қодиров ду зан дорад. Дар таҳқиқоти соли 2024 нашркардаи «Проект» гуфта мешуд, ки роҳбари Чеченистон падари фарзандони ҳадди аққал чор зан аст, ки дар замонҳои гуногун онҳоро «ҳамсарони» ӯ ном мебурданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.