Дар моҳи шарифи Рамазон мусулмонон то ғуруби офтоб набояд ғизо истеъмол намоянд ё об бинӯшанд. Аммо на ҳама касон метавонанд муддати тамоми рӯз чизе нахӯранд, бахусус агар дар солимиашон мушкиле бошад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” табиби гастроэнтеролог, парҳезшинос, номзади илмҳои тиб ва ходими илмии Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология Саодат Пӯлодова маълумоти муфассал дод.
Рӯза фоидаҳое дорад, ки аз поксозии организм ва як навъ парҳез иборат аст.
“Ҳанӯз соли 2016 профессор Есинори Осумӣ аз Ҷопон, ки ҷоизаи Нобелиро дар соҳаи физиология ва тиб гирифтааст, исбот кард, ки гуруснагӣ барои организм фоидаовар буда, ба таҷдиди ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад ва равандҳои пиршавиро ба таъхир меандозад. Дар давоми гуруснагӣ ҳуҷайра тавассути манбаъҳои дохилии худ – сафедаҳои осебдида ва унсурҳои вайроншудаи дохилиҳуҷайравӣ (яъне «партовҳо») энергия истеҳсол мекунад ва ҳамин тавр, ба поксозӣ ва таҷдиди организм ва ташаккули ҳуҷайраҳои нав мусоидат менамояд”, – мегӯяд Пӯлодова.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми риояи рӯза дар организм равандҳои шикастан (кафидан)-и чарбҳо оғоз ёфта, сатҳи холестерин ва қанд ба эътидол меояд ва вазн коҳиш меёбад.

Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд?
- Занони ҳомила ва ширдеҳ, зеро барои рушд ва инкишофи кӯдак, мунтазам моддаҳои фоидаовар зарур аст;
- Беморони гирифтори варамҳо (омосҳо)-и зарарнок;
- Шахсони дорои бемории захми меъда, зеро хатари хунравӣ аз захм вуҷуд дорад;
- Беморони гирифтори сиррози ҷигар;
- Афроди бемори заъфи дил, инчунин касоне, набзи тапиши дилашон нуқсон дорад;
- Шахсони дар ҳолатҳои пеш аз ва баъди сактаи дил қарордошта;
- Ашхоси гирифтори бемории норасоии шадид ё музмини гурда.
- Гирифторони бемории доимии хун;
- Беморони сили шуш дар марҳилаи фаъол ва дигар узвҳо;
- Ашхоси дорои бемориҳои гуногуни эндокринӣ, аз ҷумла диабети қанди ҷуброннашуда ва тиреотоксикоз;

- Одамоне, ки аз камвазнӣ ва фишори паст (гипотония)-и шадид азият мекашанд;
- Бемороне, ки гирифтори бемориҳои шуш мебошанд, масалан, астмаи бронхиалӣ.
Ба ғайр аз гуруснагӣ, яке аз сабабҳои дигаре, ки метавонад боиси пайдоиши нуқсонҳо гардад, риоя накардани реҷаи қабули доруҳои лозимӣ аст.
Барои кӯдакон ва наврасони то 18-сола рӯзадорӣ номатлуб аст
Ба гуфтаи табиб, рӯзадорӣ барои кӯдакон ва наврасони то 18-сола, инчунин шахсони солхӯрда низ қобили қабул нест.
То 18-солагӣ дар организм бисёр равандҳои муҳими физиологӣ, аз ҷумла инкишофи сохтори устухону мушакҳо, рушди системаи эндокринӣ (балоғат) ва ташаккули системаи масуният идома меёбанд.

Ӯ илова намуд, ки риояи рӯза, бахусус дар фасли гармо, метавонад боиси тағйироти ҷиддии саломатии кӯдакон гардад, аз ҷумла: камобӣ, ихтилоли мувозинати электролитҳо, норасоии витамину минералҳо, заъиф шудани системаи масуният, нотавонӣ, хастагӣ, ихтилоли давраи ҳайз.
Илова бар ин, метавонад бемориҳои узвҳои ҳозима шиддат ёбанд, бо сабаби тағйирёбии вақтҳои истеъмоли ғизо захм ва эрозияи меъда ва рӯдаҳои дувоздаҳангушта, қабзият ва ихтилоли ҳазм пайдо шавад.
Саодат Пӯлодова зикр кард, ки дар шахсони синни пиронсолӣ бошад, аксар вақт бемориҳои музмин, аз ҷумла гипертония, бемории ишемикии дил, диабети қанд, бемориҳои узвҳои ҳозима ва системаи пешобронӣ вуҷуд дошта, дар вақти риояи рӯза ин бемориҳо метавонанд боз ҳам шиддат ёбанд.
Кадом бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Дар ин давра шумораи шикоятҳо аз бемориҳои узвҳои ҳозима, гурда ва талхадон зиёд мешавад.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи табиб, бояд организмро пешакӣ ба тағйири реҷаи ғизохӯрӣ омода кард. Дар дастархон набояд хӯрокҳои бирёншуда, шӯр ва равғанӣ ҷой дошта бошанд.
Ҳангоми ифтор кӯшиш кунед, ки ғизоро оҳиста ва бо хӯрокҳои сабук оғоз кунед, ғизои серғизотарро барои субҳ (саҳархӯрӣ) нигоҳ доред.
Лекин агар шахси бемор рӯза доштанӣ бошад чӣ?
Пас мебояд қоидаҳои истеъмоли дурусти ғизоро риоя кард.
Ҳангоми саҳархӯрӣ (субҳ) ва ифтор истеъмоли карбогидратҳои сода (қанди оддӣ, нонҳои сафед, нӯшокиҳои ширин, шоколад, яхмос)-ро маҳдуд кунед, зеро онҳо зуд вайрон шуда, сатҳи глюкоза дар хунро тез боло мебаранд. Инчунин, миқдори равғанҳои ҳайвон (равғани думба, чарбуи гов) бояд кам карда шавад.
Ба маҳсулоти ширӣ, ғалладона ва маҳсулоти ширии турш (йогуртҳои нӯшокӣ, биокефир, қаймоқ, творог) ва тухм афзалият диҳед.
Моҳӣ, мурғ, гӯшти гови камравған, гӯшти мурғи марҷон, наск, лӯбиё, мош ва нахӯдро бештар истеъмол кунед.
Миқдори истеъмоли сабзавоту мева, кабудӣ, хушкмева, ғалладона, нони сиёҳ ва гандумро зиёд кунед, то фаъолияти узвҳои ҳозима муътадил гардида, шиддатёбии бемориҳои музмин пешгирӣ шавад.
Саодат Пӯлодова тавсия медиҳад, ки пеш аз оғози рӯза доштан ҳатман бо духтур машварат намоед.