Ин матлаб идомаи силсиламақолаҳо бахшида ба 100-солагии таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) ва таҳлили мунсифонаи таърихи ин давра мебошад. Мақолаи навбатӣ дар бораи чӣ гуна ва барои чӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ омадани империяи Русия ва пайомадҳои он мебошад, ки манзури хонандагон мегардад.
Вазъи Русия ва сабабҳои лашкаркашӣ ба Осиёи Миёна
Асрҳои XVIII-XIX-и милодӣ минтақаҳо ва кишварҳои Шарқ ва ҷаҳони ислом яке паси дигар ба ишғоли кишварҳои қудратёфтаи Аврупо даромаданд. Ҳинду Чин ба доираҳои нуфузи Британия ва Фаронса шомил гардиданд. Кишварҳои арабӣ низ тадриҷан ба яке аз кишварҳои аврупоӣ вобаста шуданд. Эрон дар ҳолати нимистеъморӣ қарор дошту як кишвари заиф гардид. Имперотурии як замон қавишавкати Усмонӣ бар асари ҷангҳои бешумор бо Русияву мамолики ғарбӣ дар ибтидои қарни ХХ кишвари осебпазиру дар ҳоли фурӯпошӣ буд. Осиёи Миёна, ки охирин бор дар таркиби имперотурии Нодиршоҳ якҷо бо Эрону Ҳинд ба ҳам омаду қуввате дошт, чандпораву бечора гардид. Асри XIX Осиёи Миёна яке аз нооромтарин минтақаҳои ҷаҳон буда, мардуми он давраи душвортарини таърихи худро паси сар мекарданд.
Ҳамин вақт дар Русия низ таҳаввулоти аҷибе рух дод. Дар Ҷанги Қрим (1853-1856) ин кишвар муҳорибаро бо рақиби сесадсолааш Имперотурии Усмонӣ бохт ва вазъи дохилии он ноором гардид. Эътироз дар ҷомеаи Русия зиёд шуд ва император Александр барои раҳоии кишвар ночор ба гузарондани ислоҳот шуд. Соли 1861 қонуни раиятдорӣ (крепостное право) дар Русия лағв гардид ва ин кишвар ба марҳилаи сармоядорӣ ворид шуду кишоварзоне, ки як табақаи пойбанд буданд, озодӣ ба даст оварданд, ба шаҳрҳо сарозер гаштанд. Корхонаҳои зиёд бунёд ёфту ниёзи онҳо ба ашёи хом, аз ҷумла пахта афзун гардид.
Аммо дар ҳамин вақт кишвари асосии содиркунандаи пахта - ИМА ба давраи душвортарини таърихи худ - ҷанги шаҳрвандӣ (1861-1865) ворид шуд ва барои чанд сол паёпай истеҳсолу содироти пахтаро қатъ кард. Британияи Кабир бо фиристодани сафоратҳои бешумору ворид кардани ҷосусони худ дар Осиёи Марказӣ дунболи тасхири минтақа буд. Пас аз ҷанги якуми худ бо Афғонистон (1838-1842) Британия азми худро ҷазм кард, то кишварҳои ҳошияи Ҳинду Чинро низ зери нуфузи худ гирад.
Ҳамин тавр, се сабаби умдаи ҳамлаи Русия ба Осиёи Миёна фароҳам омад:
1. Бо як амалиёти муваффақона дар хориҷ аз марзҳои худ Русия хост беобрӯии шикасти Ҷанги Қримро ҷуброн кунад;
2. Ниёзи кишвараш ба пахтаро дар минтақаи тавлиди пахта бароварда созад;
3. Нагузорад, ки Британия бо тасхири Осиёи Миёна ба марзҳои он наздик шавад.
Яъне, ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Русияро ба Осиёи Миёна кашонд. Дар ҳеч кадом аз ангезаҳои лашкаркашии русҳо ба Осиёи Миёна ҳарфе аз наҷоти мардум, беҳсозии вазъи зиндагии сокинон ва ё ба корвони тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамроҳ кардани ин сарзамин дида намешавад. Пас, дар ҳисобу китоб ва натиҷагирӣ бояд ин воқеият мадди назар бошад.
Шамшери ҳиндӣ дар баробари тупхонаи русӣ
Ҷанг бо се кишвари Осиёи Миёна - хониҳои Хӯқанду Хива ва иморати Бухоро, барои Русия, ки бо қудратҳои ҷаҳонӣ дасту панҷа нарм мекард, кори душворе набуд. Зеро ин кишварҳо аз раванди ҷаҳонии сармоядорӣ ва рушди саноату иқтидори низомӣ ақиб монда, пайваста миёни ҳам ҷанг доштанд. Ин ҷангҳоро руҳониёни дунҳиммату бемояи ин кишварҳо “ҷанги муқаддас” ва “ҷиҳоду ғазовот” мехонданд. Ҳатто пешгоми ҳаркати ба истилоҳ маорифпарвариву таҷаддуди Осиёи Миёна Аҳмади Дониш вақте аз амир Насруллоҳ сухан ба миён меоварад, ҷангҳои ӯ алайҳи Эрони мусулмонро меситояду мегӯяд, “димор аз рӯзгори шиа” баровард.
Хонҳои Хӯқанду Хива ва амири Бухоро артиши парешону тороҷгари худро бо “шамшери буррандаи ҳиндӣ” (таъбири Саъдии Шерозӣ) муҷаҳҳаз мекарданд. Воқеияти Осиёи Миёнаи онрӯз ин буд, ки на ҳукумати дуруст дошт, на артиши ба рӯз, на руҳонияти солеҳ ва на равшанфикре, ки аъмоли ситамгаронаву зидди манофеи раиятро маҳкум кунад (Навиштаҳои Аҳмади Дониш, китоби Логофет бо номи “Кишвари беҳуқуқон”, хотироти амири Афғонистон Абдураҳмонхон ва осори Айнӣ далели гуфтаҳои моянд).
Амалиёти низомӣ ва дипломатии русҳо алайҳи давлатҳои минтақа барои тасхири Осиёи Миёна соли 1864 бо ишғоли Чимканд оғоз гардида, соли 1895 бо имзои муоҳада байни Русия ва Британия ба анҷом расид. Дар рафти амалиёти низомӣ ҳазорон нафар кушта шуда, мардуми зиёде бехонумон гардид. Ҷараёни истилои Осиёи Миёна бо ғорату чаповул ва ҷафову ситами фаровон нисбат ба мардум ҳамроҳ буд. Намунаи ҳамоқати дигари ҳокимони Осиёи Миёна ин буд, ки вақте русҳо дар фикри тасхири Тошканд буданд, амири Бухоро ба ҷойи иттиҳод бастан бо Хуқанду Хива ва истод шудан дар баробари рақиби асосӣ, дар фикри ғофилгирона ҳуҷум кардан ба яке аз ин кишварҳо буд!
Дар ҷараёни тасарруфи шаҳрҳои Тошканд, Хуҷанд ва Самарқанд аз ҷониби лашкари Русия ҳазорон нафар аз аҳолии маҳаллӣ талаф шуд. Гузоришгарони рус назири Терентев ин воқеиятро баён кардаанд. Русҳо дар ҷараёни ҷанг бартарии комил дошта, дар муддати 20 сол (1864-1884) тамоми минтақаро тасарруф карданд. Бо хонадонҳои ҳукуматгари беурзаву фосиди Осиёи Миёна қарордодҳои сулҳ ба имзо расид, ки дар тамоми он манфиатҳои Русия дар меҳвари музокирот буда, дар шартномаҳо низ сабт ёфтанд. Русия ва Британия вақте бар асоси муоҳада марзи худ рӯди Омӯро муқаррар карданд, миёни тоҷикон ду самти рӯд деворе бунёд шуд, ки ин ҳолат боиси канда шудани робитаҳои тоҷикони ду сӯйи Омӯ гашт. Зери ҳукумати ду хоҷаи бегона бо ду низоми мутафовит зистани тоҷикон (дар давоми беш аз сад сол) дар ҷаҳонбинии онҳо таъсири амиқ гузошта, авоқиби он то ҳол бартараф нашудааст.
Як нукта мавриди зикр аст: дар давраҳои заволу инҳитоҳи таърихамон мушоҳида кардаем, ки мардуми аз ситаму ҷафои ҳокимони худкома хаста, ҳукуматҳои хешро раҳо карданду мунтазири натиҷаи пайкори нобарор истоданд, то об дар куҷо қарор гирад! Яъне, мо худ муқассир будем ва иҷозат додем, ки чанд шикамбораву бекора бар мо ҳукумат кард ва кишварро муфт аз даст дод ва мулки мо тасарруф гашту мо ғорату чаповул шудем.
Паёмадҳои ишғоли сарзамини мо
Муҳимтарин паёмади ин истило он буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлоли худро аз даст доданд, ки болотар аз ин мусибате нест. Осиёи Миёна аз ҳаққи барқарории равобити мустақилонаи хориҷӣ бо кишварҳои мусулмону ғайримусулмон маҳрум гардид.
Паёмади дигар он буд, ки хоҷагони нав, яъне русҳо дар тариқи идораи мулкҳои тасарруфшуда, ҳар гуна ки салоҳ медиданд, ҳамон тавр амал мекарданд. Аз ҷумла, барои он ки иттиҳоди қазоқҳо ба вуҷуд наояд, онҳоро ба ду минтақаи Сибир ва Оренбург вобаста карда, тақсимоти анъанавии қавмиро барҳам заданд. Қавмҳое, ки ҳаётӣ кӯчӣ асоси ҳастии онҳоро ташкил медод, мувофиқи қонуни соли 1824 наметавонистанд аз ҳудуди муайяншуда ва бидуни иҷозати маъмурони рус ба кори худ идома диҳанд. Хонии Хӯқанд нахуст истило шуда, сипас бар асари як кӯшиши номуваффақи раҳоӣ бераҳмона кӯбида шуд ва соли 1876 куллан барҳам хӯрд.
Тарзи идораи Осиёи Миёна нисбат ба худи Русия фарқ мекард ва низоми дохилии ин кишвар на ба вазорати дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбӣ тобеъ буд. Ба таври дигар, ҳамеша як режими фавқулодда ҷорӣ буд. Дертар агентии сиёсии Рус дар Бухоро таъсис ёфт, ки ҳар панҷ сол статуси он тағйир ёфта, дахолаташ дар умури хориҷиву дохилии аморат бештар мешуд. Дертар дар дохили аморати Бухоро политсияи русӣ ташкил шуд. Агар дар ибтидо харҷи он муштарак бошад, тадриҷан тамоми хароҷоти онро Бухоро мепардохт. Як муҳаққиқи тоҷик дар пажӯҳиши худ менависад, ки “Бо таъсиси раёсати политсия худсарӣ ва дахолати мутлақияти подшоҳиро ба ҳаёти мардуми Бухоро ҳадду канор набуд.”
Яке аз паёмадҳои дигари истилои сарзамини мо он буд, ки мисли истилоҳои қаблӣ, аз ҷумла истилои юнону арабу муғул муҳоҷиршавии русҳо ба Осиёи Миёна оғоз гардид. Аз таърих медонем, ки юнониҳову арабҳову муғулҳо дар шаҳрҳои мо ҷой гирифта, беҳтарин заминҳоу сарчашмаи обро барои худ маҳфуз медоштанд. Ин ҳолатро пас аз истилои рус низ мушоҳида мекунем. Дар долонҳои ҳукумати Русия аз ҷониби баъзе аз мақомоти давлатии ин кишвар (ба монанди Александр Кривошеин) садоҳое шунида мешуданд, ки мо бояд Осиёи Миёнаро дар давоми 50 сол як сарзамини комилан руснишин гардонему тадриҷан онро ҳазм кунем ва бо муҳоҷирати саросарӣ русҳо аксарият дар минтақаи Осиёи Миёна гарданд. Бо ин ҳадаф корвони муҳоҷирони рус аз гӯшаву канори Русия ба Осиёи Миёна сарозер шуд. Дар Бухоро, Бухорои Нав, Патта Ҳисор, Тирмиз, Сарой (Панҷи имрӯза), Форёб нахуст гарнизонҳо ва сипас маҳаллаҳои русшнишин пайдо шудан гирифт, ки ба дунболи он комендантҳои низомӣ барои ҳимояи ин мардум таъсис ёфт. Бо зиёд шудани шаҳрвандони рус, пайдо шудани деҳаҳою маҳаллаҳои руснишин, муносибатҳои тиҷоратӣ, хидматгузорӣ, баҳсу даъвоҳои гуногун байни сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони рус як ҳодисаи муқаррарӣ гардид.
Дар вақтҳои охир, - мегӯяд устод Айнӣ, - дар таҳти дарвозаи Бухоро, дар майдони вокзал идораи политсияи рус кушода шуда буд, ки дар дохили Бухоро ба ҳар коре мухтор ва қодир буд. Маъмурони ҳукумати Бухоро ва фуқарои Бухоро ба ҷуз итоат ба фармонҳои ин идора, чораи дигаре надоштанд. Хусусан, баъди он ки ба сардории ин идора, Вилман ном шахс таъйин шуд, амният аз шаҳр тамоман барҳам хӯрд. Ӯ ба баҳонаи ҷустуҷӯи яроқ ба ҳар хонае зада даромада, ҳар киро, ки хоҳад, беобрӯ карда метавонист. Як тӯда одамон авбош ва беномусро барои хуфягӣ (воқеанависӣ) ба атрофи худ ҷамъ карда буд, ки онҳо шабу рӯз маст буда, кушоду ошкор ҳар фасодеро карда, аз ҳар касе хоҳанд, ришва гирифта, ба духтару писарони дилхоҳашон таарруз мекарданд”. Баъдҳо чунин идораҳои политсия дар дигар шаҳрҳои аморат низ кушода шуданд.
Мардуме, ки аз бедоду ситами маъмурони рус ба дод омада, дар замин гӯши шунавое барои додхоҳӣ намеёфт, даст бар осмон бардошта, раҳоиро аз парвардигор тақозо мекард. Тазоҳуроти мардуми бекигарии Шеробод дар соли 1916 хусусият ва ҷанбаи зиддирусӣ дошт. Ин тазоҳурот, асосан дар заминаи фаъолияти ширкати “Айваҷ”, ки ба соҳибкорони рус Глушков ва Конев тааллуқ доштанд, сар зада буд, зеро онҳо ғайриқонунӣ заминҳои аҳолии маҳаллиро соҳиб шуданд. Баъзан вақт дахолату тааддӣ чунон зиёд мешуд, ки худи маъмурони рус вориди амал шуда, заминҳои мардумро аз дасти русҳо кашида гирифта ба соҳибонаш бармегардонданд, то он ки мавҷи зидди русӣ кишварро фаро нагирад. Дар ибтидои соли 1917 худи генерал-губернатори Туркистон А.Н. Куропаткин бо ҳамроҳии роҳбари Агентии сиёсӣ А.Я. Миллер ба Айваҷ омада, қазияро ба фоидаи мардуми маҳаллӣ ҳаллу фасл карданд.
Дар дохили кишвар нерӯҳои политсионӣ, гумоштаҳои сиёсии пинҳонӣ аз болои руҳия ва афкори мардум назорати қатъӣ мебурданд. Тафаккури дигарандешӣ ва ислоҳотхоҳӣ дар Осиёи Миёна пас аз истилои русҳо зери таъсири афкори инқилобиёни рус падид омаду реша давонд, аммо маъмурони давлати рус алайҳи тамоми ҳаракатҳои ислоҳотхоҳӣ муборизаи беамон мебурданд. Аз осори Айнӣ ва дигар равшанфикрони ин давра чунин бармеояд, ки ҳукуматдорони рус ҷонибдори маъмурони иртиҷоӣ ва рӯҳониёни мутаасиб будаанд. Нуктаи дигар ин буд, ки ҳар куҷо тухми фитнаву низоъҳои дохилӣ сабз мешуд, ҳукуматдрони рус ин фурсатро ғанимат мешумурданду онро парвариш медоданд. Низои суннӣ ва шиаи Бухоро дар соли 1910 шоҳиди чунин дахолату фитнапарварии маъмурони рус дар минтақа аст, ки дар китоби “Таърихи инқилоби фикрии Бухоро”-и Айнӣ дарҷ шудааст.
“Ҳунараш низ бигӯ!”
Аз инсоф набояд гузашт ва бояд гуфт, ки Русияи қарни XIX-и милодӣ ҳарчанд аз кишварҳое чун Британия ва Фаронса қафо мемонд, вале аз мулкҳои Хӯқанду Хиваву Бухоро дар вазъи беҳтаре буд. Аз ин рӯ нахустин дастоварди Русия барҳам задани ҷангҳои дохиливу харобиовари ҳокимони худсари Осиёи Миёна буд. Овардани як мисол кофист, ки вазъи то истилои ин сарзамин маълум гардад. Шаҳри Уротеппа (Истаравшан) дар муддати 50 сол 60 бор аз даст ба даст гузашта, аз ҷониби Бухорову Хуқанд талаву тороҷ шудааст.
Бо истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия амният дар роҳҳо таъмин гашт. Зеро роҳҳои дохилӣ пур аз роҳзан буд ва ҳукуматҳои маҳаллии ғарқи фасоду ришват қудрати барқарор сохтани назму тартиб дар роҳҳоро надоштанд. Барои мисол, дар байни роҳи Самарқанду Марғелон роҳзанҳои қирғиз гаштугузор ва корвонҳоро ғорат мекарданд.
Дигар имтиёзи ҳукумати русҳо дар минтақа омадани тибби замонавӣ ва хидматрасонии тиббӣ дар шаҳрҳо буд. Омадани тибби русӣ, ки муҷаҳҳазтару пешрафтатар аз мо буд, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ як қадам ба пеш буд. Ҳарчанд на ҳамаи мардум имкони истифода аз онро доштанд, вале ворисони Пури Сино дар ҳолати хеле ҳузноваре қарор доштанд, ки бо тибби он замон қобили қиёс набуд.
Яке аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодие ки пас аз истилои ин сарзамин аз ҷониби Русия роҳандозӣ шуд, сохтмони роҳи оҳане буд, ки Осиёи Миёнаро бо Русия мепайваст. Роҳи оҳани Бухоро садҳо маротиба аз шоҳроҳи тиҷоратии корвонҳо барои манфиатҳои иқтисодию сиёсии ҳам Русия ва ҳам минтақа, манфиатбахш буд. Албатта ҳадафи ин роҳ бештар пайваст кардани Русия бо минтақа ва мубодилаи бештари тиҷоратӣ ва қабл аз ҳама, ба нафъи Русия буд. Дертар дар минтақа телеграф ва почта таъсис ёфт, ки то ин дам дар Осиёи Марказӣ мавҷуд набуд.
Масъалаи барҳам додани бардадорӣ ва минбаъд комилан мамнуъ кардани одамфурӯшӣ дар қаламрави иморати Бухоро яке аз натиҷаҳои муҳиму мусбати истило ба шумор меояд. Дар банди 5 шартномаи байни Русияю Бухоро (аз 23 июни соли 1868) ва дар қарордоди Русия ва Бухоро, ки 24 сентябри соли 1873 имзо шудааст, вобаста ба ин масъала чунин таъкид шуда буд: “Минбаъд дар Бухоро абадулабад ҳодисаи нангини одамфурӯшӣ, ки зидди қонуни инсондӯстист, қатъ карда шавад”.
Ҳарчанд муҳаққиқи рус В.Н.Чариков хулоса кардааст, ки “ғуломдорӣ дар Бухоро, ки бо шариати ислом асос ёфтааст, назар ба ғуломии сиёҳпӯстон дар Амрико инсонгароёна аст”, аммо бардадорӣ хилофи фитрати инсону шарофату наҷобат аст ва барҳам задани он қадаме дар эътилои ҷойгоҳи инсон ва шинохти каромати он мебошад.
Агар истеъмори Русро бо истеъмори Британия, Фаронса, Ҳолланд, Испания, Белгия ва дигар кишварҳои аврупоӣ қиёс кунем хоҳем дид, ки истеъмори рус ба сабаби камтаҷрибагии он дар баҳракашӣ аз қавмҳои шикастхӯрда ва муносибат бо мардуми маҳаллӣ равиши беҳтар доштааст. Зеро доиёни тамаддуни модерн - кишварҳои аврупоӣ бар хилофи шиорпароканиҳои худ, дар қитъаи Африқо ва Амрикову Австралия бо мардуми бумии ин минтақаҳо бардадориву ғуломфурӯшӣ ва наслкушии бумиёнро раво диданд, ки хилофи тамоми арзишҳои инсонӣ ва меъёрҳои башардӯстӣ буда, ин корномаи нангини онҳоро таърихи башар дар хотира худ маҳфуз доштааст.
Аммо... истеъмор истеъмор аст
Ҳарчанд қонунҳои давлати рус баробарии русҳову ғайрирусҳо дар умури давлатдориву шаҳрвандиро тазмин мекарданд, вале воқеият чизи дигар буд. Дар назди политсия ва низоми додгустариву судӣ ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ поймол мегашт. Дар масъалаи ҳуқуқи интихобӣ ва интихоб шудан ба вазифаҳои давлатӣ ё мақомоти дигар, аз ҷумла қонунгузорӣ яксон набуд. Аз ҷумла, вақте дар ҳудуди вилояти Туркистон соли 1907 ба Думаи давлатии Русия намояндагонро интихоб карданд, 10% аҳолии рус баробари 90% ғайрирус намоянда доштанд. Аммо дертар ҳамин имтиёз низ барои ғайрирусҳо барҳам дода шуд.
Соли 1898 генерал-губернатори Туркистон С.М. Духовский пешниҳод намуд, ки барои нигоҳ доштани курси тангаи бухороӣ, онро бо тангаҳои махсус- “билон” иваз карда шавад, ки дар як тарафи он арзиши он бо русӣ ва тарафи дигараш бо забони форсӣ навишта шавад. Вале ин пешниҳод аз ҷониби Вазорати молия бо қатъият рад карда шуд. Зеро аввал он, ки бо ин роҳ масъала ҳаргиз роҳи ҳалли худро намеёфт, баъдан дар як танга насб кардани нишони ду давлат ҳам Русия ва ҳам Бухоро ин баробарии ду давлатро ифода хоҳад кард, ки барои шаъну шавкати Русия ҳаргиз қобили қабул намебошад. Ниҳоят, моҳи апрели соли 1900 Николаи II қарореро ба имзо расонд, ки мувофиқи он ба сикка задани пул дар Бухоро хотима дода шуд, ки ин зарбаи навбатие ба давлати Бухоро буд.
Омадани русҳо бо соҳиб шудани онҳо ба манобеи обии минтақа ва назорати он ҳамроҳ буд. Аз ҷумла, вақте Самарқанд як шаҳри русӣ гашту Бухоро маркази иморати ниммустақил, мушкили обро барои Бухоро ба миён овард. Аҳмади Дониш низ ин мушкилро таъкид кардааст ва рӯзноманигори англис Добсон низ дар хотироти худ ба ин воқеият ишора мекунад. Гоҳе тамоми зироати бухориён талаф мешуду хушксолӣ ба миён меомад. Бар асари тақсимоти соли 1902 аз се ду ҳиссаи об ба Самарқанд, ки дар ишғоли русҳо буд, дода шуд ва танҳо як ҳисса ба Бухоро расид.
Дигар паёмади истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия ин таъсиррасонӣ ба муҳити фарҳангӣ ва фазои маънавии минтақа буд. Маъмурони давлати Русия то ҳамла ба Осиёи Миёна бо муҳимтарин қутби ҷаҳони ислом – давлати Усмонӣ борҳо ҷангида, онро душмани худ мешумурданд ва табиист, ки исломро низ рақиби асосии худ дар минтақа медонистанд. Баъзе раҳбарони рус дар минтақа (назири Кауфман ва Крижановский) барои нуфузи Русия ва коҳиши таъсири ислом забону фарҳанги русиро муассир донанд, баъзе дигар дар муҳоҷиркунии фирқаҳои ғайриправослав ба дохили Осиёи Миёна низ коҳиши нуфузи дини исломро меҷустанд. Аз ҷумла, пайравони фирқаи масеҳии (протестант)-и менонитро генерал-губернатори Туркистон фон Кауфман ба Осиёи Миёна оварда, онҳоро аз хидмати низомӣ дар артиш ва пардохти молиёт озод намуд.
Бо омадани русҳо ба Осиёи Миёна зарбаи шадид ба забони форсӣ ворид гардид. Зеро бештари тарҷумонҳои русҳо дар минтақа тоторҳо буда, иллати дигар беэътиноӣ бо забони форсӣ забони дувуми ислом, инчунин забони ҳамаи руҳониёни ислом будани он ба шумор мерафт. Ин ҷо душмании деринаи Русия бо Эрон, ки дар асрҳои XIX – аввали асри XX ба авҷи худ расид, низ таъсиргузор будааст. Агар забони ҳуҷҷатгузории қабл аз омадани русҳо ва панҷоҳ соли баъди истилои сарзаминамонро мурур кунем, коҳиши мақоми забони форосиро метавонем мушоҳида намоем.
Таҷрибаи беш аз 150-солаи ҳамзистии тоҷикону дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо русҳо нишон дод, ки ҷомеаи кишвари Русия ба душворӣ халқҳои ғайрирусро “худӣ” меномад. Ширкати Манижа Сангини овозхон дар як озмуни байналмиллаӣ аз номи Русия норозигии тамоми мардуми Русия ба шумули раҳбари палатаи болоии порлумони ин кишварро ба миён овард. Ин ҳолат бори дигар нишон дод, ки ҷомеаи Русияи муосир ҳатто як фардеро ки русзабон асту аз решаҳои забонӣ ва фарҳангии худ бурида, аз худ намедонад. Дар ҳамин ҳол шаҳрдори кунунии Лондон (Содиқхон) ва нахуствазири феълии Британия (Риши Сунак) аз сарзамини Ҳиндустонанд, ки то соли 1947 мустаъмараи Британия буд. Аввалӣ мусулмон асту дувуми бар кеши ҳиндуия.
Охирин мушкиле, ки Русия бо кишварҳои кунунии Осиёи Миёна дорад он аст, ки дар давоми сӣ соли гузашта натавонист ба таври лозим дар ин кишварҳо сармоягузорӣ кунад ва онҳоро зери чатри худ нигаҳ дорад. Ҳарчанд бештари мардуми ин кишварҳо ҳанӯз ба Русия ҳамчун кишвари худӣ ва ошно нигариста, умедвориҳои зиёд аз он доранд. Мушкилоте, ки дар бист соли охир бар сари муҳоҷирони корӣ фурӯ мерезад, навъе аҳроми фишор ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон буда, мардум ва давлатмардони минтақаро рӯз ба рӯз дилсардтар месозад.
Муҳимтарин сабақи замони истеъмор ин аст, ки агар мардуми як кишвар бихоҳанд дар истиқлолу сарфарозӣ зиндагӣ кунанд, боястӣ огоҳу бедор кишварро обод созанду худкифо ва дар муқобили фасоду ситам истод шаванд, то дар коми аждаҳои истеъмори навин, ки ҳамакунун ҷаҳонро таҳдид мекунанд, науфтанд!
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста