Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбе кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё нисбати рафтори ношоями футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Тухтасунов ва футболбозони Кореяи Шимолӣ Пак Нам Чола ва Тсой Мин Хо дар вохӯрии ин дастаҳо қарор қабул кард. Ёдрас мекунем, ки дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд.
Сомонаи расмии конфедератсия иттилоъ медиҳад, ки Даврон Тухтасунов барои баъд аз анҷоми бозӣ ҷанҷол кардан ва зарба задан ба ҳамлагари дастаи Корея Юн Ен Ил аз иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шуд.
Футболбози дастаи Корея Тсой барои рафтори ношоям (туф кардан) нисбат ба Даврон Тухтасунов аз иштирок дар шаш бозӣ маҳрум гардида, ӯ низ ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шудааст.



Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста