Вохӯрии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Истиқлол» (Душанбе) дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода анҷом ёфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бартариро гоҳ ин даставу гоҳ дастаи дигар соҳиб гардида, вале дар қисми якум ҳисоб кушода нашуд. Дар қисм якум довар ба ду футболбози «Регар-ТадАЗ» ва як бозингари дастаи «Истиқлол» корти зард нишон дод. Дар аввали қисми дуюм футболбозони шаҳри Турсунзода ба бартарӣ соҳиб гардида, дар дақиқаи 61-уми бозӣ пас аз зарбаи Ҷамшед Исмоилов аз масофаи дур тӯб вориди дарвозаи душанбегиҳо шуд. Сарфи назар аз кӯшишҳои ҳар ду даста, ин ҳисоб то анҷоми бозӣ бетағйир боқӣ монда, дастаи «Регар-ТадАЗ» соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.
Дар маросими супурдани Ҷом ба ғолибон ва дигар ҷоизаву мукофотҳо раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар нишасти хабарӣ пас аз анҷоми вохӯрӣ сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев изҳор кард, ки муддати ду сол даста натавонист ба вохӯрии ниҳоӣ роҳхат бигирад. «Футболбозони даста имрӯз танҳо бо мақсади пирӯз шудан ба майдон баромаданд ва ман шодам, ки ба ҳадаф расиданд. Соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон будан барои мо ифтихору шарафи бузарг аст», - афзуд сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ».




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста