Тими миллии футболи Бангладеш барои бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 30 май, ба Душанбе омад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси ҳолландӣ Людовик де Круиф,сармураббии мунтахаби Бангладеш, ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар овардааст. Ҳайати варзишии Бангладеш дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷойгир шудааст.
Доварони бозии аввали плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш аз Сурия мебошанд. Довари ФИФА Ҳанно Хаттоби 27-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Алӣ Аҳмади 35-сола ва Мазен Зазфуни 38-сола - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Ферас Тавили 33-сола ба зимма дорад. Масъуд Муродии эронӣ нозири доварон ва Чен Хин Чун аз Ҳонконг комиссари бозӣ мебошанд.
Бозии аввали плей-оффи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобии ин ду даста рӯзи 7 июн дар пойтахти Бангладеш – Дакка - баргузор мешавад.
Дар марҳилаи аввали плей-офф даҳ дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳилаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳмеёбад.
Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳилаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳила се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳилаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳилаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.
Аз 11 дастаи марҳилаи плей-офф ҳаштоаш ба 16 тими мунтахаби даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста