Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шоми дирӯз, 26-уми ноябр, дар доираи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар сафар бо “Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат кард ва бо натиҷаи 3 бар 1 бозиро бохт. Ягона голи дастаи шаҳри Душанберо Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонд.
Бояд гуфт, “Истиқлол” бо гузашти панҷ бозӣ ҳеҷ имтиёзе ба даст наовард. Ин даста бо бохт дар тамоми бозиҳо ва бо 0 имтиёз дар зинаи охири гурӯҳи “С”-и мусобиқот қарор дорад. Қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳанӯз баъди бохт дар даври гузашта имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дода буд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “С” дастаҳои “Ал-Ваҳда”-и Урдун ва “Сипоҳон”-и Эрон бо натиҷаи 1:1 мусовӣ карданд. Баъди анҷоми даври панҷум “Ал-Ваҳда” бо 11 хол садрнишини гурӯҳи “С” ва “Шарҷа” бо доштани як имтиёз камтар аз ин даста дар ҷои дуюм қарор дорад.
Ҳамчунин, ҳардуи ин дастаҳо роҳхати марҳилаи баъдии мусобиқаро низ ба даст оварданд. Дастаи “Сипоҳон”-и Эрон 7 хол дошта, баъди мусовӣ дар баробари “Ал-Ваҳда” дар зинаи сеюми гурӯҳ мавқеъ касб кард ва имкони баромадан ба марҳилаҳои финалиро пурра аз даст дод.
Гурӯҳи “С”
“Ал-Ваҳда”-и Урдун - 11 хол;
“Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб - 10 хол;
“Сипоҳон”-и Эрон - 7 хол;
“Истиқлол”-и Тоҷикистон - 0 хол;
Дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқа рӯзи 3-юми декабр дастаи “Истиқлол” бо “Сипоҳон” ва “Ал-Ваҳдат” бо “Шарҷа” рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.
Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.
Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.
Ду дастаи Тоҷикистон сарфи назар аз роҳхат нагирифтан ба марҳилаҳои финалӣ барои иштирок дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста