Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Азхудкунии нақшавии сармоягузориҳои хориҷӣ дар соҳаи кашф ва истихроҷи конҳои геологӣ дар соли 2008 50 млн. 461 ҳазор сомониро ($14 млн. 626 ҳазор) ташкил медиҳад, ки он аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои чаҳор соли ахир 7 маротиба бештар аст.
Муовини сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Марҳабо Абдуллоева дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар солҳои 2003-2007 ҳамагӣ 7 млн. 606 ҳазор сомонӣ ($2 млн. 224 ҳазор) мабалғҳо азхуд карда шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, суръати баланди афзоиши сармоягузории хориҷӣ аз таваҷҷӯҳи хоссаи ширкатҳои хориҷӣ ва самти афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар дар ин соҳа гувоҳӣ медиҳад.
«Аз ҷумла, сармоягузориҳои давлати Чин дар соҳаи геологияи тоҷик бештар ба мушоҳида мерасанд», - таъкид сохт М.Абдуллоева.
Дар ҳамин ҳол, мавсуф зикр кард, ки ҳаҷми молиягузории маблағҳои буҷавӣ ба соҳаи геология дар соли 2008 ҳамагӣ 2 млн. 180 ҳазор сомониро ($635 ҳазор) ташкил дода,
миқдори маблағи сармоягузориҳои дохилӣ ба 583 ҳазору 100 сомонӣ ($170 ҳазор) баробар аст.
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста