Душанбе. 25 август.
ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Канада ба Ташкилоти ғайридавлатии шаҳри Душанбе «Тавозуни зиндагӣ» ҷиҳати дастгирии шахсоне, ки аз инфиҷори минаҳо захм бардоштаанд, ба андозаи 14 ҳазор доллари Канада ёрӣ расонд. Маблағи мазкур барои ифтитоҳи истироҳатгоҳи махсус барои маҷрӯҳон сарф карда мешавад. Истироҳатгоҳ барои 22 нафар пешбинӣ шуда, дар басти аввал 22 шахси маҷрӯҳшуда дар осоишгоҳи «Садбарг» табобат карда мешаванд.
Ҳукумати Канада барномаҳои тоза кардани минаҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ҷаҳонро маблағгузорӣ менамояд. Ҳукумати ин кишвар бо дастгирии Бунёди кӯмакҳои башардӯстонаи Швейтсария ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо муддати 10 сол ба Тоҷикистон барои безарар гардондани минаҳо кӯмак мерасонад.
Сафири Канада дар Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон хонум Маргарет Скок изҳор намуд, ки ҳукумати мамлакаташ фаъолияти ташкилоти «Тавозуни зиндагӣ» - ро ҷиҳати барқарор сохтани саломатии осебдидагон дастгирӣ менамояд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста