Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кард, ки рӯзи шанбеи дуввуми ҳар моҳ дар шаҳри Душанбе рӯзҳои санитариву эпидемиологӣ гузаронида шавад.
«Ин рӯзҳо бо навбат дар шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаву муассисаҳо ва бозору иншоотҳои дигар баргузор гардида, баҳри ободониву тозагӣ ва риояи талаботи санитариву эпидемиологӣ равона хоҳанд шуд», - гуфт раиси шаҳр ва афзуд, ки баргузории чунин рӯзҳо аз моҳи ноябр шурӯъ мешаванд.
М.Убайдуллоев ҳамчунин зикр кард, ки дар ин рӯз бояд ҳар як сокини пойтахт дар ободониву тозагии шаҳр саҳм бигирад. Намояндагони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳоди раиси пойтахтро дастгирӣ карданд.



Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста