Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 9-уми феврали соли 2009 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии навъи сабукрави дорои то 7 (ҳафт) ҷои нишаст (ба истиснои ҷои нишасти ронанда), аз он ҷумла тамғаҳои «Дамас», «Чанху», «Хафей» ва ғайра, ки тавассути онҳо фаъолияти мусофиркашон ӣ ба анҷом расонда мешавад, дар хиёбонҳои И.Сомон ӣ (аз чорроҳаи И.Сомон ӣ -Ғафуров то бурриши хиёбони Рӯдак ӣ ), Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи А.Фирдавс ӣ то бурриши кӯчаи С. Шероз ӣ (Сирк)-и пойтахт), манъ карда шаванд. Ин навъи мошинҳои сабукрави мусофирбар миёни мардум бо номи «Тангем» маъруфанд.

         Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қарори мазкур бо мақсади мӯътадил намудани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, таъмини бехатар ӣ (аз ҷумла бехатарии эколог ӣ ), ҳифзи манфиатҳои мусофирон ва истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва танзими хизматрасонии нақлиёт ӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе қабул гардид.