Мерган Шаҳбозов, риёзидон ва академики тоҷик барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод"-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар медиҳад.
Шаҳбозов ин ҷоизаро барои соли 2021 соҳиб шудааст. Имсол барои ин ҷоиза 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд.
Дар гузашта донишмандони шинохтаи тоҷик мисли академикҳо Раҳим Масов ва Пӯлод Бобоҷонов ҳам ин ҷоизаро соҳиб шуда буданд.
Ин ҳар сол ба намояндагони барҷастаи давлатҳои ИДМ дар бахшҳои илму ҳунар ва адабиёт ва фаъолиятҳои ҳуқуқибашарӣ ки арзиши ҷаҳонӣ доранд, ҳадя мешавад.
Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл аст, ки дар ҳоли ҳозир баробар ба $32 276 доллар мебошад. Гуфта мешавад маросими супурдани ҷоизаҳо моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баргузор мешавад.
Мерганд Шаҳбозов аз олимони саршиноси риёзидони Тоҷикистон буда, дар гузашта муовини раиси порлумони Тоҷикистон буд.
Ин донишманд соли 2015 ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author 2015»-ро ҳам ба даст оварда буд.
Барандагони ҷоиза аз кишварҳои дигари узви ИДМ дар соли 2021:
Нотик Камол оғлу аз Озарбойҷон, ҳайкалтарош, Эдуард Хачиян аз Арманистон, геолог, устоди Донишгоҳи миллии меъморӣ ва сохтмони ин кишвар, Сергей Клинин аз Белорус, физикдон, муовини раиси Академияи илмҳои ин кишвар, Серик Рустамбеков аз Қазоқистон, меъмор, раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултон, Миталип Мамитов аз Қирғизистон, ҷарроҳи асаб, Юрий Темирканов аз Русия, дирижёр, Рамиз Усмонов, директори Театри давлатии академии калони Узбекистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста