Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи ҳолат ва асосҳои муваққатан ғайриимкон будани гузаронидани амалҳои иҷроро баррасӣ намуданд. 

 

Батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, дароз кардани мӯҳлати иҷрои санадҳо ва мавқуф гузоштани амали иҷро:

Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки иҷрои санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдорро мушкил мегардонанд ва ё ба иҷрои амалҳои иҷро монеъ мешаванд, иҷрочии мақомоти иҷро бо ташаббуси худ ҳуқуқ дорад бо дархост дар хусуси батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан ё оид ба дароз кардани муҳлати иҷро, оид ба тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои он, инчунин оид ба индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст муроҷиат намояд.

Тартиби баррасии масъалаи мазкур мутобиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад гузаронидани амали иҷроро мавқуф гузорад, дар сурати:

- ҳозир нашудани ситонанда ё қарздор;

- ҳозир нашудани тарҷумон ё мутахассис;

- ҳолатҳои дигар, ки онҳоро дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз бартараф кардан мумкин аст.

Дар бораи мавқуф гузоштан ва таъин кардани рӯзи дигари гузаронидани амали иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки дар ин бора тарафҳои истеҳсолоти иҷро хабардор карда мешаванд.

 

Ҳатмӣ будани боздоштани истеҳсолоти иҷро аз ҷониби суд:

Истеҳсолоти иҷро дар мавридҳои зерин ҳатман аз ҷониби суд боздошта мешавад:

- фавти қарздор, фавтида эълон кардан ё бедарак ғоиб эътироф намудани ӯ, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи суд ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад;

- қабул намудани қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё оғоз намудани парванда аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи муфлисшавӣ, тибқи тартиби бо қонунгузорӣ муқарраргардида;

- ғайри қобили амал эътироф намудани қарздор;

- пешниҳоди шикоят ба суд нисбат ба амали мақомоте (шахси мансабдоре), ки ваколатдор аст парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд;

- иштирок намудани қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшун ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд ё хоҳиши ситонанда, ки дар чунин ҳолат қарор дорад;

- аз тарафи қарздор ва ё ситонанда мавриди баҳс қарор додани натиҷаҳои нархмонии молу мулки қарздор;

- пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рӯйхат баровардани) молу мулке, ки мутобиқи ҳуҷҷати иҷро ситониш ба он нигаронида шудаааст;

- аз ҷониби қарздор бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонун иҷозат дода бошад.

 

Боздошти истеҳсолоти иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро:

Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар мавридҳои зерин истеҳсолоти иҷроро боздорад:

- ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии мақомоти иҷро;

- дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшун ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо намудани қарздор;

- ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулода ё рафънопазир (нерӯи бартарафнашаванда), ки ба иродаи тарафҳои истеҳсолоти иҷро вобастагӣ надорад.

Дар бораи боздоштани истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки нусхаи он ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро супорида ё фиристода мешавад.

Тартиб ва мӯҳлати боздоштани истеҳсолоти иҷро мутобиқи қонуни соҳавии иҷро ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Гузаронидани амалҳои иҷро бо истеҳсолоти иҷро дар мӯҳлати зерин боздошта мешавад:

- дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарздор хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо менамояд - то аз хизмати ҳарбӣ озод шудан;

- мавриди баҳс қарор гирифтани амалҳои иҷро, ҳамчунин ҳуҷҷати иҷро ё санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ва шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст - то моҳиятан пурра ҳал гардидани ҳамин масъала; 

-мавҷуд будани ҳолатҳои фавқулода ё рафънопазир (неруи бартарафнашаванда), ки ба иродаи тарафҳои истеҳсолоти иҷро вобастагӣ надорад- то бартараф гардидани ин ҳолатҳо.

Гузаронидани амалҳои иҷро тибқи талаботи истеҳсолоти иҷро дар асоси аризаи ситонанда ё санади иҷрочии мақомоти иҷро пас аз бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, идома дода мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.