Афсарону сарбозони Тоҷикистон аввали моҳи май ба хотири ширкат дар сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80- солагии Ҷашни Ғалаба ба Русия мераванд. Аммо ҳоло маълум нест, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд сарбозу афсар иборат хоҳад буд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Гузашти низомӣ бахшида ба 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав рӯзи 9-уми май пешбинӣ шудааст.

Ба сафороии ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба, гуфта мешавад, ки 19 кишвар, аз ҷумла 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ки то кунун 10 кишвар ширкаташро тасдиқ кардааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол Қирғизистон ширкати низомиёнаш дар ин гузашти ҳарбиро тасдиқ карда, гуфтааст, 80 тан низомиёни Гвардияи миллии кишвараш ба Маскав мераванд.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Ҳар сол рӯзҳои 9 май ва 22 июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.