ЧОРАБИНИҲОИ 11 ИЮЛ
- Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ ба Суғд меравад. Ин сафар се рӯз, то 13-уми июл давом карда, аз ноҳияи Айнӣ оғоз меёбад. Дар доираи ин сафар роҳбари давлат аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон боздид мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 ИЮЛ
Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе нахустин мағозаи бренди “Adidas” ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2009 –Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳолатҳои фавқулода ва фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик дар пайи як амалиёти низомӣ кушта шуд.
Тибқи баёнияи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, “ҳангоме ки Зиёев бо хоҳиши худ ҷойҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаро нишон медод, дар деҳаи Ағбаи дараи Сурхоби ноҳияи Тавилдара аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадасти ғайриқонунӣ ҳуҷуми ногаҳонӣ сурат гирифт ва дар натиҷа Мирзо Зиёев ба ҳалокат расида, якчанд корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятӣ ҷароҳат бардоштаанд”.
Баъди анҷоми амалиёти Тавилдара даҳҳо нафар аз афроди содиқ ба Мирзо Зиёев, бо шумули 4 бародар ва ду фарзанди ӯ боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.
Соли 2013 – Дар Душанбе Маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси додгоҳӣ-тиббӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2014 – Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Соли 2018 – Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва сарвари дастаи ҳаваскорон (КВН)-и Тоҷикистонро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ баъди чанде аз зиндон озод шуд ва ҳоло дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад.
Соли 2020 – Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба аҳолии ниёзманди кишвар дар ҳаҷми 400 сомонӣ кӯмаки якдафъаина мерасонад. Он замон маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ буд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1946 – Мавлуди Муаззам Диловаров, адабиётшинос ва донишноманависи тоҷик.
Соли 1950 – Зодрӯзи Сироҷиддин Комилов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори пешини Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ва ректори собиқи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Соли 1954 – Зодрӯзи Мақсудҷон Умаров, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.
Соли 1964 – Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, рӯзноманигор ва шоири тоҷик дар 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода дар хонадони шоири номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ беш аз 30 сол ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият карда, солҳои охири ҳаёташ муҳарририи Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.
Суҳайлӣ Ҷавҳаризода муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Фатҳнома”, “Тӯҳфа”, “Гулдаста”, “Бӯстон”, “Баҳори Ватан”, “Қисмати Карим”, драмаи “Пионер Содиқ”, достони “Қувваи дӯстӣ” ва дигар китобҳо аст.
Номбурда шеъру достонҳои алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, К. Чуковский ва дигар шоиронро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Соли 1973 – Мавлуди Моҳира Мирзоева, доктори илмҳои филология.
Соли 1989 – Зодрӯзи Фарзонаи Хуршед, овозхони тоҷик.

Фарзонаи Хуршед духтари Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё, овозхонҳои маъруфи тоҷик аст.
Ӯ бори аввал соли 2008 дар барномаи мусиқӣ овозхонӣ кардааст. Минбаъд бо сабти клипҳои “Ашк”, “Лола”, “Очаҷон” ва ғайра шумораи мухлисонаш зиёд гардиданд. Дар соли 2015 Фарзона дар барномаи мусиқавии “Big Apple Music Awards 2015” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон беҳтарин овозхони мусиқии попи Тоҷикистон эълон шуд.
Соли 1997 – Мавлуди Исмоил Маҳмадзоир, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Исмоил Маҳмадзоир, яке аз набераҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Ӯ моҳи ноябри соли 2022 раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд ва ба рушди ҷудои кишвар саҳм гузошт.
Гуфта мешавад, ки бошгоҳи варзиши “Ҳоҷӣ Шариф” –ро сарпарастӣ мекунад.
Соли 2018 – Раҳматулло Раҳмонов, пизишк ва донишманди тибби тоҷик дар 55-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии аҳолӣ (World Population Day) таҷлил мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид 11-уми июли соли 1987 таъсис ёфтааст ва ба рӯзе рост меояд, ки аҳолии сайёра ба 5 миллиард нафар расид.
Ин рӯйдоди рамзӣ дар таърихи демографияи ҷаҳонӣ боиси он шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба масоили марбут ба рушди аҳолӣ, таҳаввулоти иҷтимоӣ, масъалаи муҳоҷират, захираҳои табиӣ ва таъсири афзоиши аҳолӣ ба муҳити зист таваҷҷуҳ кунад.

Дар 20-солагии таъсисёбии он, яъне 11-уми июли соли 2007, шумораи аҳолии ҷаҳон тақрибан ба 6,7 миллиард расид. Соли 2022, ин рақам аз 8 миллиард нафар ҳам гузашт. Ҳоло, тибқи маълумоти СММ, солона аҳолии ҷаҳон ба ҳисоби миёна 83 миллион нафар зиёд мешавад. Пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки то соли 2030 аҳолӣ ба 8,6 миллиард, то 2050 ба 9,8 миллиард ва то 2100 ба 11,2 миллиард мерасад.
11-уми июли соли 1700 дар шаҳри Берлин Академияи илмҳои Олмон таъсис дода шуд. Соли 1701, баъди шоҳ эълон шудани Фридрих I, Академия ба Ҷамъияти шоҳии илмҳои Пруссия табдил ёфт. Барои рушди илм олимон бо имконоти муҳим, аз ҷумла расадхона, ҳуҷраҳои анатомӣ ва боғи ботаникӣ таъмин гардиданд.

Дар асри XX, Академия қурбонии сиёсати нажодпарастонаи ҳукумати фашистӣ шуд ва таҳти “поксозии нажодӣ” қарор гирифт. Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ он ба Академияи илмҳои Олмон табдил ёфта, баъди муттаҳидшавии Олмони Шарқӣ ва Ғарбӣ, номаш ба Академияи илмҳои Берлин-Бранденбург тағйир дода шуд. То имрӯз ин ниҳод яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ дар Аврупо боқӣ мондааст.
11-уми июли соли 1974, дар наздикии шаҳри Сиани музофоти Шэнси дар шимолу ғарби Чин, деҳқонон ҳангоми кофтани чоҳ тасодуфан ба боқимондаҳои ҳайкалҳои сафолӣ дучор шуданд. Дар пайи омӯзиши археологӣ муайян гардид, ки онҳо маҷмааи бузурге аз ҳайкалҳои сарбозон, аспон ва аробаҳои ҷангиро дарёфтаанд, ки бо номи машҳури “Артиши сафолӣ” маъруф гашт.

Ин ҳайкалҳо қариб 2200 сол пеш, барои муҳофизати оромгоҳи аввалин императори Чин – Син Шихуанди сохта шудаанд. Ӯ асосгузори аввалин империяи муттаҳидаи Чин аст ва сохтмони Девори Бузурги Чин низ дар давраи ӯ оғоз ёфтааст.
Ҳайкалҳо дар ҳаҷми воқеии инсонҳо сохта шудаанд ва ҳар кадоме симои фарқкунанда дорад. Мутахассисон бовар доранд, ки ҳар як ҳайкал метавонанд нусхаи аслии чеҳраи сарбозони воқеӣ бошанд.
Миқдори умумии ҳайкалҳо ба ҳашт ҳазор мерасад. Соли 1987 “Артиши сафолӣ” ба феҳристи Мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
11-уми июл дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии “шоколад” таҷлил мешавад. Ин ҷашн бори аввал соли 1995 дар Фаронса баргузор гардида, ба зудӣ дар дигар кишварҳо низ маъруф гардидааст.

Таърихшиносон бар онанд, ки “шоколад”-ро аввалин бор ҳиндуёни Мексика омода кардаанд. Онҳо онро “ғизои худоён” меномиданд. Баъдан, испаниҳо онро ба Аврупо оварда, бо номи “тиллои сиёҳ” машҳур карданд ва онро ҳамчун воситаи қувватбахш истифода мебурданд.
Дар асрҳои XVII-XIX, шоколад дар Аврупо танҳо дар байни ашрофон маъмул буд. Танҳо дар ибтидои асри XX, бо пайдоиши истеҳсоли саноатии шоколад, он барои омма низ дастрас гардид.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 25+27º гарм.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста