ЧОРАБИНИҲОИ 12 ИЮЛ
- Имрӯз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд идома меёбад. Дар доираи сафари серӯзаи худ роҳбари давлат аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон боздид мекунад ва як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳоро ба истифода медиҳад.
- Дар Маркази фарҳангии Бохтар дар “Хонаи 3ZERO Тоҷикистон” (Хонаи Сабз) соати 16:00 вохӯрии навбатии "Гурӯҳи дӯстдорони китоб" баргузор мешавад. Ин дафъа дар бораи достони “Ахлоқ”-и Стивен Кинг баҳс мешавад. Ин як романи ҷолиби равонӣ аст, ки якҷоя бо занаш Табита Кинг навишта шудааст. Ҳикояро пешакӣ хондан лозим аст, зеро дар ҷаласа танҳо муҳокима сурат мегирад. Иштирок дар маҳфил танҳо аз синни 18-сола боло имконпазир аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 ИЮЛ
Соли 2012 – Бег Сабур (Зуҳуров), роҳбари вақти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, дар кишвар ташкилоти ҷамъиятие таъсис дода мешавад, ки расонаҳоро дар интернет пайгирӣ ва назорат мекунад.
Соли 2012 – Дар шаҳри Душанбе қарор қабул шуд, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли идоракунӣ, дар маҳаллаҳо, гулгашту кӯчаҳо ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ҳар рӯзи чоршанбе "Соати экологӣ" баргузор гардад.
Соли 2017 – Ҳайати тиҷории ИМА бори аввал ба Тоҷикистон омаданд.
2023 – Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаи молиявӣ оид ба ҷудо кардани 30 миллион евро барои татбиқи лоиҳа оид ба маориф, таълими техникӣ/касбӣ ва дастгирии шуғлро имзо карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1949 – Мавлуди Абдураҳим Ашӯр, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Соли 1965 - Мавлуди Сангин Гулов, рӯзноманигори тоҷик, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷиткистон.
Соли 1966 - Мавлуди Фазлиддин Икромӣ, олим, вакили парлумон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ).
Соли 1970 - Зодрӯзи Рустам Ҳайдаров, доктори илмҳои фалсафа, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Соли 1977 - Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ даргузашт.

Бобоҷон Ғафуров 31-уми декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Модари ӯ Розия Озод, ки шоира буд, дар ташаккули шахсияти ӯ саҳми арзанда дошт.
Ӯ дар вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла ҳамчун котиби якуми Ҳизби комунисти Тоҷикистон (1946–1956) фаъолият намуда, барои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифи кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 1956 то охири умр директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Бобоҷон Ғафуров муаллифи асари таърихии “Тоҷикон” аст, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва дорои тамаддуну таърихи куҳан будани тоҷиконро исбот мекунад. Ӯ зиёда аз 400 асару мақола навиштааст, ки дар саросари ҷаҳон бо забонҳои гуногун нашр шудаанд.
Моҳи декабри соли 2023 дар Симпоизуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе доир шуд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шавад.
Инчунин, бо қарори президенти кишвар китоби “Тоҷикон”-и ӯ чоп ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик тӯҳфа гардид.
Соли 1980 - Зодрӯзи Фирӯза Алифова, сарояндаи замоне шинохтаи тоҷик.
Соли 1991 - Эшони Абдурраҳмон, яке аз руҳониҳои шинохтаи кишвар дар 71-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2021 - Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар 70-солагӣ аз олам чашм баст.

Шералӣ Абдулқайсов баъди хатми шуъбаи актёри театри драма ва кино Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко бо роҳхати Вазорати маданияти Тоҷикистони шӯравӣ ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул шуда, то охири умраш дар театри мазкур фаъолият кардааст.
Дар давоми фаъолияти пурсамари худ дар соҳаи театр барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хидмати арзишманд кардааст.
Ӯ дар театр нақшҳои мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши проффессор Пашков дар “Алломаи Адҳам”, Аҷузкампир дар “Найи сеҳрнок”, Эзоп дар “Шер, рӯбоҳ ва ангур”, Капулетта дар “Ромео ва Ҷулйетта”, Асад дар “Афсонаҳои мӯйсафед”, Отелло дар “Отелло”-ро офаридааст.
Дар синамо бошад, нақши Нуралӣ дар “Марди роҳ”, Қарашир дар “Субҳи ҷавонии ман”, Акбар дар “Падари маҳтобӣ”, Падар дар “Дафни гургона”-ро иҷро кардааст.
Шералӣ Абдулқайсов дар 70-солагӣ бар асари коронавирус даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 12-уми июл дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ таҷлил мегардад. Ин иди касбии меҳмондорони ҳавопаймо дониста мешавад. Таърихи ин касб ба соли 1928 бармегардад, замоне ки дар Олмон бори аввал як шахс ҳангоми парвоз барои хидматрасонӣ ба мусофирон ҷалб шуд. Он замон танҳо мардон дар ин вазифа хидмат мекарданд.

Бо вуҷуди ин, соли 1930 дар Амрико ба кор ҷалб намудани занони ҷавону зебо пешниҳод шуд. Аввалин зани меҳмондор дар таърихи авиатсия Эллен Черч аст, ки асосгузори ин касб байни занон дониста мешавад.
Шаби 12 ба 13-уми июли соли 1917 дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, бори аввал дар таърих гази заҳролуди иприт (маъруф ба “горчичный газ”) ҳамчун силоҳи кимиёвӣ истифода шуд. Он барои боздоштани ҳамлаи нерӯҳои иттифоқчии Англия ва Фаронса истифода гардид.

Бар асари истифодаи ин газ, ки номи худро аз маҳалли истифодаи аввалини он гирифтааст, 2490 сарбоз осеб диданд ва 87 нафар ҷон бохтанд. Иприт ба чашм, роҳҳои нафаскашӣ, пӯст ва узвҳои дохилии инсон таъсири харобиовар мерасонад.
12-уми июли соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз бузургтарин муҳорибаҳои танкӣ дар таърихи инсоният – муҳорибаи назди истгоҳи роҳи оҳани Прохоровка баргузор гардид. Ин ҷанг як бахши калидии амалиёти стратегии Курск буд, ки ба муҳосира ва нобуд сохтани нерӯҳои шӯравии ҷойгиршуда дар минтақаҳои Курск, Орёл ва Белгород равона шуда буд.
Дар муҳориба аз ду ҷониб зиёда аз 1200 адад танк ва техникаҳои зиреҳпӯш ширкат варзиданд. Ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои зиреҳпӯши Олмон, артиши Шӯравӣ ба онҳо зарбаи ҷавобии нерӯманд зад ва ҳамлаи душманро боздошт.

Дар натиҷаи муҳориба танҳо дар як рӯз неруҳои Олмон тақрибан 10 ҳазор сарбоз ва 400 танк аз даст доданд ва маҷбур шуданд, ки ба мудофиа гузаранд. Ин пирӯзӣ заминаи муҳим барои бурди ниҳоии Иттиҳоди Шӯравӣ дар амалиёти Курск ва шикасти ниҳоии Олмон дар фронти шарқӣ дониста мешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста