ЧОРАБИНИҲОИ 13 ИЮЛ
- Имрӯз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд идома меёбад. Дар доираи сафари серӯзаи худ роҳбари давлат аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон боздид мекунад ва як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳоро ба истифода медиҳад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 ИЮЛ
Соли 1990 — Дар қуллаи Ленин (ҳоло Истиқлол) дар қӯҳҳои Помири Тоҷикистон 43 кӯҳнавард зери тарма монда, ҷон доданд. Аз миёни 45 нафар танҳо ду кӯҳнавард ҷон ба саломат бурданд.
Соли 1993 — Ба дидбонгоҳи 12-уми отряди сарҳадии Маскав (ҳоло дидбонгоҳи ба номи 25 қаҳрамони отряди сарҳадии Шӯрообод) ҳамла сурат гирифт.
Соли 2012 — Панҷ халабони ширкати давлатии "Тоҷик Эйр", ки 1,5 моҳ дар Афғонистон дар асорат буданд, ба ватан баргаштанд.
Соли 2020 —Тахриби бинои собиқи ҳукумати кишвар, ки аз соли 1992 қароргоҳи президенти кишвар буд, оғоз гардид. Бинои нави ҳукумат 5-уми июли соли 2024 дар доираи сафари раисҷумҳури Чин расман ифтитоҳ шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1931 — Мавлуди Басир Расо, адиб ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1941 — Зодрӯзи Бақо Содиқ, коргардони синамои тоҷик.

Ӯ 13-уми июл дар Бухорои таърихии тоҷикон ба дунё омада, соли 1967 риштаи коргардонии Донишкадаи театриву-мусаввириро дар Тошканд ва курсҳои олии сенариянависӣ ва коргардонии синамоиро дар Маскав хатм мекунад.
Аз соли 1967 то 1993 дар "Тоҷикфилм" ба унвони коргардони синамо кор кардааст. Филми “Адонис ХIV”-ро, ки ӯ соли 1977 барои дифои кори дипломии худ ба навор гирифтааст, танҳо дар даврони бозсозӣ- соли 1986 дар экаранҳо пайдо шуда, дар ҷашнвораҳои Маскав ва Мангаям ҷоизаҳо ба даст овардаст.
Филми тамсилӣ дар бораи буз-ҷосуси махсус мебошад, ки дар комбинати гӯшт тамоми рамаро ба куштор мебарад. Яке аз беҳтарин филмҳои коргардон - тамсилии образдори назмии “Бухорои шариф” мебошад.
Ҳамчунин филмҳои сохтаи Бақо Содиқов ба мисли “Гирдбод”, “Ҷосус”, “Ҷазира”, “Парандаҳои гилӣ”, “Аввалин будан мушкил аст” (филми ҳуҷҷатӣ) ва даҳҳои дигар ҷоизаҳои ҷашнвораҳои синамоии байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо, Амрикои Лотин, Тошканд (ИҶШС, 1976) соҳиб шудаанд.
Соли 1993 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Соли 1993 маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк намояд ва айни ҳол дар шаҳри Бухоро зиндагӣ мекунад.
Имрӯз ин коргардони забардаст ба синни 84 қадам гузошт.
Дар бораи кору пайкори ин коргардони шинохтаи тоҷик дар ин маводи "Азия-Плюс", ки бахшида ба 80-солагии ӯ навиша шуда буд, мааълумот гиред: "Бақо Содиқов: маро бисёр пешпойӣ мемонданд"
Соли 1996 - Мавлуди Сафармуҳаммад Рустам, овозхони ҷавони тоҷик.
Соли 1998 - Зодрӯзи Рустам Ятимов, футболбоз ва дарвозабони тоҷик.

Рустам Ятимов соли 2024 гаронтарин дарвозабони Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд. Он замон арзиши гузариши ӯ 1,5 млн евро баҳогузорӣ шуд. Соли 2025 ӯ дар қатори 5 бозигарӣ гаронтарини ин минтақа қарор гирифт.
Бозии шоистаи ӯ бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар соли 2023 ва “ҷанг”-и лафзиаш бо ситораи ҷаҳонии ин даста – Криштиану Роналдои портуғолӣ дар ин бозӣ аз хотирмонтарин лаҳзаҳои охири фаъолияти ӯ дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе буд.
Баъди ин ӯ ба бошгоҳи “Ростов”-и Русия гузашт ва ҳоло дар ин даста бозӣ мекунад.
Ӯ дар аввалин мавсими худ дар бошгоҳи “Ростов” ба финали Ҷоми Русия баромад ва беҳтарин дарвозабони мавсими ин мусобиқот эътироф шуд.
Соли 2020 - Рашид Раҳимов, доктори илми иқтисодӣ, профессор дар 88-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
13-уми июли соли 1871 дар Қасри шишагии Лондон нахустин намоишгоҳи гурбаҳо дар ҷаҳон баргузор гардид. Идеяи ин намоиш ба Гаррисон Уэйр – рассом ва иллюстратори маъруфи ҳайвонот тааллуқ дошт. Вай аввалин шуда зотҳои гурбаҳоро муайян кард, меъёрҳои зоҳирӣ (стандартҳо)-и онҳоро муқаррар намуд ва ҷудокунии гурбаҳо аз рӯйи ранг ва дарозии пашмро ҷорӣ кард.

Дар намоишгоҳ 170 гурбаи 25 зот ба намоиш гузошта шуда буданд, аз ҷумла як гурбаи маъюби ваҳшии шотландӣ, ки дар задухӯрд пойи худро аз даст дода буд. Ин намоиш поягузори санъати муаррифии зотҳои гурба дар ҷаҳон гардид.
13-уми июли соли 1923 навиштаҷоти машҳури “Hollywood” дар теппаҳои Лос-Анҷелес пайдо шудааст. Дар асл, навиштаҷот ба шакли "Hollywoodland" буд ва он таблиғи як маҳаллаи нави манзилсозӣ ба ҳисоб мерафт.

Лоиҳаи навиштаҷотро Гарри Чандлер, молики рӯзномаи “Los Angeles Times” маблағгузорӣ намуд. Хароҷоти умумӣ 21 ҳазор долларро ташкил медод. Ҳарфҳо бо чароғҳо шабона равшан мешуданд ва рӯзона аз масофаи 40 км дида мешуданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста