ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дастаи футболи то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бо ҳамсолонашон аз Амрико дидор анҷом медиҳанд.

Бозӣ соати 19:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2006 – Бонки нав бо номи “Бонки рушди Тоҷикистон” ифтитоҳ ёфт.

Соли 2016 – Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шуморид, ки мувофиқи он барои таҳқири Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад. Ба шахси айбдоршаванда мутобиқи моддаи 137, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст. Дар ин модда ҳамчунин барои анҷоми чунин амал бо истифода аз матбуот, дигар васоити ахбори умум ё шабакаи интернет низ ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Соли 2016 – Созишномаи байни Чин ва Тоҷикистон дар бораи истирдод тасдиқ шуд.

Соли 2016 – Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ китоби шашҷилда ва луғати тафсирии истилоҳоти “Шашмақом” рӯнамоӣ шуд.

Соли 2018 – Дар маҳбаси №3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб бархост ва дар рафти пахши он, тибқи маълумоти расмӣ, 21 нафар маҳбусу 2 зиндонбон қурбон шуданд.

Соли 2023 – Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ва гуфтугӯи хосаи онҳо дар Душанбе, миёни ду кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба лағви раводид имзо шуд. 30-юми июни соли 2024 Эрон расман лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Гулҷаҳон Бобосодиқова, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

 

Гулҷаҳон Бобосодиқова

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва бонуи саршиноси тоҷик буда, солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, ба гуфтаи худаш, адолатхоҳӣ ва шуҷоат варо ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст.

Ӯ солҳо муовини раиси Шӯрои умумииттифоқии ҷамъияти “Дониш” дар Маскав ва раиси Ассотсиатсияи занони дорои маълумоти олӣ дар Тоҷикистон буд. Гулҷахон Бобосодиқова инчунин борҳо вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардидааст. Ҳоло бознишаста аст.

Соли 1949 – Зодрӯзи Шералӣ Хайруллоев, вазири пешини мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник.

 

Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев аз соли 1970 то 1977 дар вазифаҳои Ёвари сардори шӯъбаи молияи қисми ҳарбии шаҳраки Паймаи поёни кишвари Красноярск, сардори шӯъбаи молия ва муовини командири қисми ҳарбии шаҳри Қизили РАСС Тува, сардори хадамоти хӯроквории қисми ҳарбии кишвари Красноярск фаъолият намудааст.

Хайруллоев солҳои 1977-1988 муовини сардори профилакторияи муолиҷавию меҳнатии Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД Тоҷикистон, сардори муассисаи ислоҳотию меҳнатии №3/5-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД, сардори муассисаи №3/7-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД, муовини сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатӣ ва сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1988 то соли 1995 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Хайруллоев аз моҳи апрели соли 1995 дар раъси вазорати дифои Тоҷикистон қарор дошт ва то соли 2013 дар ин маснад буд. Аз соли 2014 то соли 2019 ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ буд ва 4-уми марти соли  2019 бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи  озод карда шуд. Ӯ ҳоло бознишаста аст

Шералӣ Хайруллоев замони вазири мудофиа буданаш мавҷудияти “Облава”-ро дар кишвар эътироф намуда, гуфта буд, “сабаби асосии дастгир ва зӯран ба хизмати ҳарбӣ фиристодани ҷавонон, саркашӣ намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ аст”.

Соли 1951 – Мавлуди Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, синамошинос ва доктори илми фалсафа.

 

Саъдулло Раҳимов

Саъдулло Раҳимов яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва синамосозии Тоҷикистон буд, аз муҳаққиқон ва мунаққидони синамо дониста мешуд. Ин таҳқиқгари муваффақи синамои тоҷик, аз соли 2011 котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд.

Раҳимов яке аз ташаббускорон ва ҳакамони ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” низ буд. Бо танаффус солҳои 1987-1993, 1995-1997 роҳбари “Тоҷикфилм” ва солҳои 1997-1998 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио буд.

Ӯ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) буда, солҳо дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ фаъолият намудаааст ва доктори илмҳои фалсафа мебошад.

Раҳимов инчунин муаллифи чандин филмнома, коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз қабили “Занон-сармоядорон”, “Маҳваш”, “Сайёҳат дар Ватан”, “Арӯсак”, “Ҷойҳои муқаддас”, “Насими Қаратоғ”, “Ман мунаққиди одилам”, “Академик Диноршоев”, силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: “Ишкошимиҳо”, “Рӯшониҳо”, “Гулбек” аст.

Саъдулло Раҳимов 4-уми майи соли 2024 дар 73-солагӣ даргузашт.

Соли 1954 – Зодрӯзи Шуҳрат Саъдиев, таърихнигори тоҷик.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳар сол 8-уми ноябр дар ҷаҳон ду ид – Рӯзи байналмилалии радиология ва Рӯзи рентгенолог таҷлил мегардад. Ин ду сана бо ҳам робитаи мустақим доранд, зеро ҳарду ба як рӯйдоди бузурги илмӣ иртибот доранд: 8-уми ноябри соли 1895 Вилҳелм Конрад физики олмонӣ нурҳои рентгениро кашф кард.

 


Ин кашфиёт ба илми тиб тағйироти куллӣ ворид кард. Барои аввалин бор табибон тавонистанд бидуни ҷарроҳӣ ҳолати дохилии устухонҳо ва узвҳои инсонро бубинанд. Бо ҳамин, дар таърихи илми тиб давраи нави ташхис ва табобат оғоз ёфт, ки онро баъдан радиология номиданд.

Конрад барои ин кашфаш соли 1901 нахустин ҷоизаи Нобелиро дар соҳаи физика соҳиб шуд. Аз ҳамон вақт то имрӯз, рентген яке аз воситаҳои муҳим ва дастрас дар тиб ба шумор меравад.

Ҳамасола 8-уми ноябр дӯстдорони мусиқии классикӣ ва муосир Рӯзи пианинонавозро таҷлил мекунанд. Гарчанде ин ид мақоми расмӣ надорад, он дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст.

 


Фортепиано, ки дар нимаи аввали асри XVIII ихтироъ шуд, яке аз асбобҳои муҳими мусиқӣ дониста мешавад. Бартоломео Кристофор, устои итолиёвӣ онро ихтироъ кардааст. Дар тӯли асрҳо фортепиано ба як рамзи фарҳанг ва ҳунар табдил ёфт. Мусиқинавозони бузург, аз Мотсарт ва Бетховен то Шопену Чайковский асарҳои ҷовидонаеро барои иҷро бо ин асбоб навиштаанд.

8-уми ноябр Рӯзи ҷаҳонии бидуни Wi-Fi таҷлил мегардад, ки соли 2016 таъсис ёфта, мардумро ба истироҳат аз интернет ва андеша дар бораи таъсири технологияи рақамӣ даъват мекунад.

Ҳадафи ин рӯз на манъ кардани Wi-Fi, балки ёдрас кардани аҳамияти танаффус аз шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Гарчанде Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳор доштааст, ки сатҳи басомадҳои Wi-Fi барои саломатӣ хатарнок нест, бисёре аз коршиносон тавсия медиҳанд, ки одамон гоҳ-гоҳ аз шабака дур шаванд, вақти бештарро дар атрофи оила, китоб ва табиат гузаронанд.

Ин рӯз рамзи тавозуни ду олам – олами рақамӣ ва олами воқеӣ аст, ки ҳарду бояд дар ҳамоҳангӣ бо ҳам зиндагӣ кунанд.

 


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.