Тоҷикистон дар пайи куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия, Семён Григорев, сафири Русия дар Душанберо ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват кард ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид. Ин ниҳод бо нашри як изҳорот ҳамла ба навраси тоҷикро “нафрати миллӣ” хонда, онро қотеъона маҳкум кард.
Дар ин нота Тоҷикистон аз Русия талаб кардааст, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.
Ин ниҳод ҳамчунин, ба оила ва наздикони ин шаҳрванди ноболиғи кишвар изҳори таслият баён карда, гуфтааст, ки бо пайвандони ин ҳодиса дар тамос аст.
Куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар пайи ҳамлаи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав рӯзи 16-уми декабр рух дод. Ҳамлавар бо корд ба мактаб ҳозир шуда, аввал муҳофиз ва сипас як хонандаи 10-соларо бо теғ зад. Дар натиҷа, Қобилҷон Алиева аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст.
Қаблан аз ВКХ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин ҳодисаро таҳти назорати қатъӣ гирифтаст
Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз Владимир Колоколтсев, ҳамтои русаш хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.
“Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад”, - навиштааст ВКД.
Ин ниҳод гуфтааст, ҷониби Русия гуфт, ки барои ҳаматарафа ва воқеъбинона гузаронидани тафтишот тамоми чораҳои қатъӣ андешида шуда, баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат менамояд.
Ҳодисаи ҳамла ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав субҳи 16-уми декабр, тақрибан соати 9-и субҳ, рух дод. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ин ҳодиса дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсово рух дода, ҳамлагар як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия аст.
Ба навиштаи манбаъ, ин наврас ба муҳофиз ва як хонандаи 10-сола бо корд зарба задааст. Дар натиҷа хонандаи 10-сола аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст. Аммо ин ниҳод дар бораи шахсияти кушташуда ва шаҳрвандии ӯ иттилоъ надодааст.
Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?". Муҳофиз кӯшиш мекунад, ки ӯро боздорад, аммо ҳамлавар ба рӯйи ӯ гази ашковар мепошад ва бо корд ҳуҷум мекунад. Пас аз ин, наврас дубора ба кӯдакон ҳамла карда, Қобилҷон Алиевро корд зад. Модари хонандаи кушташуда дар ҳамин мактаб фаррош будааст.
Пас аз куштор, ноболиғи ҳамлавар дар яке аз синфхонаҳо худро маҳкам карда, дар ҳамон ҷо аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.
Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Ба қавли хабаргузории “РБК”, муфаттишон аз ҳамлагар нусхаи дастгоҳи тарканда пайдо карданд.
Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия навишт, ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".
Бояд гуфт, ҳодисаҳои куштори бераҳмонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам нест. Ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола вокуниши густурдае дар пай дошт. Ӯ рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуда, як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Пас аз панҷ оли мурофиаҳои додгоҳӣ, соли 2023 Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия дар содир намудани ҷинояти вазнин – таҷовуз ва куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон айбдор дониста шуда, ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Бояд гуфт, куштори тоҷикон аз дасти шаҳрвандони Русия аксаран аз ҷониби мақомоти ин кишвар расонаӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ ва ё ҷинояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз ҷониби расонаҳо ва ҳам мақомоти Русия барҷаста ва густурда паҳн карда мешавад. Махсусан, баъди ҳодисаи “Крокус Сити” чунин равиш батадриҷ афзуда, фишор рӯйи муҳоҷирон ва қонунҳои муҳоҷират сангин шудааст






Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста