ЧОРАБИНИИ МУҲИМ

Имрӯз, соати 14:00 дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили 80-солагии Сафармуҳаммад Аюбӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор мегардад.

Дар маҳфил ҳунармандони Театри драмавии Лоҳутӣ намоишномаеро пешкаши бинандагон гардонида, ҳамчунин, сарояндагони машҳур ба монанди Саидқул Билолов, Лоиқ Холов, Файзалӣ Ҳасанов... сурудҳои бар матни шоир эҷоднамудаашонро пешкаши ҳозирин мегардонанд.

Вуруд озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз ҳамчун Рӯзи энергетикҳо таҷлил мешавад.

Бояд гуфт, солҳои охир соҳаи бо барқу гармӣ таъмин намудани аҳолӣ норозигӣ ва нигаронии ҷомеаи кишварро ба бор овардааст. Ин эътирозҳо ба далели сардиҳои зимистони гузашта аст, ки аксари аҳолии кишвар бе қувваи барқ ва бе гармӣ монданд. Ин мушкил имсол низ идома дорад ва бо оғози зимистон чандин навбат мардум бо ин мушкил дучор омаданд  ва дар аксар манотиқ бо қувваи барқ хеле кам таъминанд.

"Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон то ҳол яке аз мушкилиҳои асосӣ боқӣ мондааст.
Акс аз "Азия-Плюс"

Соли 1970 – Вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) таъсис дода шуд.

Соли 2003 – Марзбонони тоҷик қитъаи марзи давлатии Тоҷикистону Чинро таҳти назорат гирифтанд.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарони бонкҳо, вазорату идораҳои блоки иқтисодии кишвар ҷаласаи корӣ доир намуд, ки дар он масъалаҳои омода намудани барориши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" баррасӣ шуданд.

Соли 2011 – Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз пардохти боҷи гумрукӣ барои ворид намудани шиносномаҳои биометрӣ озод карда шуд.

Соли 2014 – Вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”-ро муҳокима намуданд.

Соли 2019 – Чоршанбе Аловатов, овозхона аз Тоҷикистон барандаи Озмуни "Central Asia's Got Talent" шуд.

Соли 2020 – Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), ки худ истеҳсол кардааст, ҳамчун кӯмак фиристод.

Соли 2023 – Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома ва фаъолияти низоми пардохтии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро бозхонд ва бекор кард. Аммо оператори "Western Union Network" фаъолиятро дар кишвар идома медиҳад.

Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе бинои нави Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2023- Вакилони парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” тағйирот ворид карда, барои воридоти бензин ба Тоҷикистон гирифтани шаҳодатномаро ҳатмӣ намуданд. Ин шаҳодатномаро Агентии “Тоҷикстандарт” баъди пардохти беш аз 4 млн сомонӣ ё 60 ҳазор нишониҳанда барои ҳисобҳо медиҳад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1944 – Зодрӯзи Саидраҳмон Саидов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1952 – Мавлуди Назирмад Мӯсоев, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Назирмад Мӯсоев

Назирмад Мӯсоев дар беш аз шаст намоиш аз қабили “Арӯс ва домод”, “Мавзӯъи озод”, “Гирдоби боло”, “Таронаҳои муҳаббат”, “Умед”, “Пари қу”, “Дар ҷустуҷӯи бахт", “Нафси бад балои ҷон”, нақш бозида, ҷаҳони қаҳрамононашро хуб кушодааст. Соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми “Ӯ маро меписандад” маъруф шуд.

Дар филмҳои телевизионии “Парвози хатарнок”, “Кӯҳи уқобон”, “Тӯй барпо нашуд”, “Алии сонӣ”, филмҳои бадеии “Хоби маймун”, “Саҳв” ва ғайра нақш бозидааст.

Ӯ 15 майи 2021 дар синни 69-солагӣ ҳангоми ҳунарнамоӣ дар як филми “Хатлон синамо” дар шаҳри Душанбе бар асари бемории дил даргузашт.

Соли 1954 – Зодрӯзи Чамангул Сатторова, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1957 – Мавлуди Чиллахон Холов, овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Чиллахон Холов

Чиллахон Холов аз ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик буда, бо иҷрои таронаҳои мардумӣ ва сурудҳо бар пояи осори шоирони классики тоҷик маъруф гардидааст.

Ӯ дар поёни солҳои 1980 тавассути ансамбли “Ганҷина”, ки ба хотири муаррифӣ ва таблиғи таронаву рақс ва суннату маросими мардумӣ ташкил шуда буд, ба саҳнаи калон омад ва солҳои аввал бештар таронаҳои мардумиро месароид.

 “Кадудона”, “Фалак”, “Қошуқтарош”, “Хамида мӯи сиёҳ” барин сурудҳояш аз таронаҳои халқӣ буда, матни сурудҳои “Тарки соғар”, “Рӯи ту”, “Муборак бошад”, “Ёди Ватан”, “Шаби борон”, “Сад умед”, “Бачагӣ”, “Омад хазон”, “Саломат мекунам” аз маъруфтарин сурудаҳояш бар пояи ашъори классикон аст.

Ӯ худ хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, баъди хатми донишгоҳ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон омадааст. Соли 1986 бар асоси озмун ӯ вориди ансамбли “Ганҷина” шуд ва нахустин сабташ бадеҳа ё дуэти “Бозубандамро бидеҳ” буд, ки барои ин

Чилахон Холов пас аз бемории тӯлонӣ шаби 8-уми феврали соли 2023 дар 66-солагӣ даргузашт.

Соли 2010 – Нигина Рауфова, овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар Душанбе аз олам даргузашт.

Нигина Рауфова

Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз ёфта, баъдан дар Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамблҳои “Гулшан”, “Шашмақом” ва “Дарё” ҳунарнамоӣ кардааст. Нигина Раупова овози дилнишину ҷолиб дошта, дар таронасароӣ услуби вижа дошт.

Ҳунарпеша 22-юми декабри соли 2010 дар синни 65-солагӣ аз олам чашм баст.

Чанде пеш бахшида ба 80-солагии Нигина Рауфова дар Душанбе консерти ёдбуд баргузор шуд. Гузориши “Азия-Плюс”-ро инҷо мутолиа кунед: “Ҷои овозхони маҳбуби халқ холист”. Ёдбуди Нигина Рауфова дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1938 барои олами зоология соли муҳим буд. Ин сол дар наздикии Африқои ҷанубӣ навъи моҳии селакант сайд карда шуд. Ин навъи моҳӣ аз аҷдодони қадимтарин моҳии рӯи замин ва ягона намуди моҳии лобдор буд, ки тамоми устухондорҳои рӯизаминӣ аз он пайдо шудаанд.

Моҳии навъи селакант

Боқимондаҳои сангшудаи ин навъи моҳӣ тақрибан ба 380 миллион сол пеш рост меоянд. Онҳо дигар дар таҳшинҳои ҷавони баҳрӣ пайдо намешаванд. Ҷаҳони илм кайҳо ба хулосае омада буд, ки моҳии лобдор дар гузашта боқӣ мондааст, аммо мӯъҷизае рӯй дод ва моҳии дуюмро 16 сол пас сайд карданд.

Ҳамасола, 22-юми декабр Рӯзи сурудҳои муаллифӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз расмӣ нест, аммо дар миёни дӯстдорони мусиқӣ, эҷодкорон ва шунавандагон маъруфият дорад. Ин як жанри сурудхонӣ буд, одатан бо гитара иҷро мешаванд ва бештар ба мазмун, матн ва эҳсосот такя мекунанд, на ба саҳнасозӣ ё коркарди техникӣ.

Ин жанр асосан дар нимаи дуюми асри XX, махсусан дар фазои фарҳангии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ рушд ёфт.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо барф борида, рӯзона бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9ºсард, рӯзона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард, рӯзона -3+2º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқӣ барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе минтақҳо то 15-17º сард, рӯзона -4+1º. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.