Душанбе. 11 апрел. «Азия-Плюс» - | Сатҳи об дар обанбори Норак имрӯз ба 856метру 86 сантиметр расид, ки ҳамоно аз нишондиҳандаи камтарин - 857 метр, кам аст. Аммо тавре сухангӯи ширкати холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «АП» хабар дод, маҷрои оби дарёи Вахш афзудааст ва имрӯз 339 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод. Ин нишондод дар ҳамин вақти соли сипаригашта ба 681 метри мукааб дар як сония баробар буд.
Ба иддаои сухангӯи ширкат дар чунин вазъ дар барои бекор кардани лимити интиқоли барқ дар кишвар сухан кардан барвақт аст.
Ӯ боз ҳам ба боду ҳавои номусоид ишора карда афзуд «Ахиран дар Душанбе ҳарорати максималии ҳаво 23 дараҷа ва дар вилояти Рашт, ки дарёи Вахш аз он ҷо маншаъ мегирад рӯзона 11 дараҷаву шабона 4 дараҷа хунук буд». Ёдгорӣ ҳамзамон афзуд, ки дар шароити гармшавии ҳарорати ҳаво ва об шудани барф дар болооби рӯди Вахш, оби он то ба Норак дар муддати чор панҷ рӯз мерасад.
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон ва мутахассисони соҳаи энергетика вазъи интиқоли барқ дар кишвар авохири моҳи апрел беҳбуд меёбад, мегӯяд Ёдгорӣ. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти барқ аз соати 23 то 5 субҳ амал мекунад. Дигар манотиқи кишвар дар як шабонарӯз 2 соат бо «барқ» таъмин карда мешаванд.
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста