Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Агар қитъаи Осиё ба рушди баланди иқтисодӣ ва коҳиши бештари партовҳои карбон ноил шуданӣ бошад, пас ӯро мебояд истеҳсоли энергияи офтобиро тавсеъа диҳад, - гуфт зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи сеюми ҳамоиши Осиё оид ба энергияи офтобӣ дар Бангкок ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Саиою Жао.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар шаҳри Душанбе хабар доданд, баҳри иштирок дар кори форум бо шумули ҳайати Тоҷикистон аз Вазорати энергетикаву саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, беш аз 300 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ ва коршиносони кишварҳои гуногуни ин соҳа гирдиҳам омадаанд. «Ин чорабинӣ баҳри пешбурди табодули афкору дониш созомн дода шуда, як қисмате аз Ташаббуси Осиё оид ба энергияи офтобӣ мебошад, ки моҳи майи соли 2010 бо дастгирии БОР ташкил гардид ва он ба тавсеъаи истифодаи энергияи офтобӣ дар минтақа тавассути лоиҳаҳои созгору муносиб равона гардидааст», - гуфтанд дар намояндагии бонк.
Сиаою Жао зикр кард, ки соли 2050 ҳиссаи қитъаи Осиё дар истеҳсоли глобалии маҳсулот, савдо ва сармоягузорӣ дар ҷаҳон метавонад ба 50% баробар шавад ва барои нигаҳдории мизони баланди рушд, ба Осиё таъмини амнияти энергетикӣ ва роҳандозии тарзҳои инноватсионии истеҳсоли энергия зарур аст.
Бино ба маълумоти БОР, кишварҳои қораи Осиё бемалол метавонанд аз энергияи офтобӣ пурсамар истифода кунанд, вале мавҷуд набудани механизмҳои муносиби маблағгузории лоиҳаҳо, маҳдудиятҳои ниҳодӣ ва норасоии донишу таҷриба ба ин монеъа мешавад. Дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи Осиё ҳудуди 900 млн. нафар ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд ё барои истифодаи он қимати беҳад гарон пардохт менамоянд, зеро он асосан тавассути маводи сӯхти канданиҳои фоиданок истеҳсол мегардад.
Зикр гардид, ки айни замон танҳо 0.25%-и энергияи дар қораи Осиё истеҳсолшуда ба энергия офтобӣ рост меояд ва онро дар фурсатҳои наздик мебояд ба 3-5% расонид.
Қобили зикр аст, ки соли 2010 БОР ба рушди энергияи тоза 1,8 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ кард, ки ин нишондиҳанда муддати се соли ахир аз 1 млрд. $-и пешбинишуда бештар аст.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста