Дар назар аст, ки бо сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ, нерӯи барқи зиёдатии низоми энергетикии ВМКБ дар фасли зимистон ба Низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Бино ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов, солҳои минбаъда дар қаламрави МВКБ боз ду нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 135 МВт ва ҳамчунин як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқии дигар сохта мешаванд.
«Айни замон миёни Бунёди Оғо Хон ва ҳукумати Тоҷикистон оид ба роҳандозии корҳои омодагӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқии «Себзор» (10 МВт) ва «Санобод» (125 МВТ) гуфтушунид ҷараён дошта, пас аз ба истифода додани онҳо, истеъмолгарони Бадахшон пурра бо нерӯи барқ таъмин мегарданд ва имкон пайдо мешавад, ки як қисмати нерӯи барқ ба Бадахшони Афғонистон ва қисмати дигараш ба низоми энергетикии Тоҷикистон интиқол дода шавад», - иброз дошт Усмонов.
Вазир таъкид дошт, ки дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои зикршуда ҳамчунин сохтмони хатти баландшиддати барқи 110 кВ низ дар назар аст, ки тавассути он дар фасли зимистон нерӯи барқи зиёдатии ширкатҳои зертобеъи «Помир Энержи» ба низомии энергетикии ширкати «Барқи тоҷик» интиқол дода мешаванд.
«Пас аз амалисозии лоиҳаи CASA-1000 низоми энергеткии «Помир Энержи» ба ин хат пайваст шуда, тариқи он нерӯи барқи зиёдатӣ ба кишварҳои ҳамсояи ҷанубӣ интиқол мегарданд», - зикр кард ӯ.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста