Ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳои машғул ба хизматгузории электрониро дар қаламрави кишвар ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) уҳдадор мекунанд.
Вазорати молия лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси андоз таҳия намудааст, ки дар он бақайдгирӣ ва андозситонӣ аз ширкатҳои хориҷӣ, ки ба шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон хизматгузориҳои электронӣ ба анҷом мерасонанд, пешбинӣ шудааст, хабари дод зимни нишасти хабарии имрӯза сардопри Раёсати такмил ви қонунгузории Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Завқибек Шодиён.
Бино ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи тағйироту иловаҳо айни замон бо вазорату идораҳои дахлдор мавриди мувофиқа қарор дошта, сипас ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад.
Шодиён қайд кард, ки тибқи Кодекси андози амалкунанда, агар ширкати хориҷӣ дар қаламрави кишвар ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ хизматрасонии электронӣ анҷом диҳад, бояд дар мақомоти андози кишвар сабтином шавад, “лекин мутаассифона, алҳол ягон чунин ширкат ба қайд гирифта нашудааст”.
Таъкид шуд, ки тағйироту иловаҳои таҳияшуда ба Кодекси андоз ба водор кардани пардохти ААИ аз ширкатҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор дошта, ба хизматрасонии электронӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон машғуланд, имкон фароҳам месозад.
“Дар лоиҳа андозбандии маҳз хизматрасониҳои электронӣ дар назар аст, на молу маҳсулот, зеро молу маҳсулоти ба кишвар воридмешуда зимни убури сарҳад аз ҷониби мақомоти гумрук андозбандӣ мешаванд. Ба ширкатҳои хориҷӣ имкон дода мешавад, ки ихтиёрб дар мақомоти андози Тоҷикистон худро сабтином карда, пардохти ААИ-ро аз хизматгузориҳо ба шахсони воқеӣ таъмин намоянд”, - иброз дошт ӯ.
Бино ба қавли намояндаи Кумитаи андоз, ширкатҳои хориҷӣ худро ба қайд гузошта, дар шакли электронӣ эъломия (декларатсия) пешниҳод мекунанд ва “ҳатмӣ нест, ки онҳо дар Тоҷикистон намояндагии худро дошта бошанд”.
Зимнан зикр гардид, ки баъди қабули тағйироту иловаҳо чунин имкони андозбандии ширкатҳои хориҷӣ ба вуҷуд омада, “агар аз қайдгузориву пардохти андоз саркашӣ кунанд, мувофиқи қонунгузорӣ амал хоҳем кард”.
Қаблан раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ба журналистон дар ин маврид иттилоъ дода буд, ки ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, ки ҷиҳати бақайдгирии ширкатҳои хориҷии машғул ба хизматрасони электронӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақомоти андоз, ба қонқнгқзорӣ тағйироту иловаҳо ворид шавад. Ӯ Google, Apple , Microsoft, Facebook, майдонҳои интернетии Ali Express, Yahoo ва ғайраро аз ҷумлаи ин ширкатҳо номбар кард.
Давлатзода бар ин назар аст, ки чунин субъектҳо ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ хизматгузориҳои муайянеро анҷом медиҳанд ва аз ин рӯ, аз ҳисоби фоидаи гирифтаашон аз ин фаъолият бояд андоз пардохт намоянд. “Чунин таҷриба дар бисёр кишварҳои саросари дунё роиҷ аст”, - зикр карда буд ӯ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста