Роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯяд, аз сабаби аз ҷониби истеъмолгарон пардохт нашудани маблағи истифодаи об ва болоравии таърифаҳо (тарифҳо) танҳо аз "Барқи тоҷик" 226 млн сомонӣ қарздор аст.

Зафарбек Давлатзода, раиси Агентӣ зимни нишасти матбуотии имрӯз, 29-уми июл гуфт, бо сабаби саривақт пардохт нашудани маблағи истифодаи об аз ҷониби истеъмолгарон, афзоиши қарз идома дошта, бо назардошти қарзи солҳои пешин маблағи умумии қарз ба 353,1 млн сомонӣ расидааст.

Бо ин вуҷуд, гуф ӯ, ин ниҳод уҳдаориҳои худ оид ба таъмини кишоварзон бо оби полезиол идома медиҳад.

"Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 Агентӣ бо хоҷагиҳои фермерӣ ва дигар истеъмолгарон ҷиҳати таъминот бо об беш аз 60 ҳазор шартнома ба имзо расонид. Корҳои обёрӣ қариб 515 ҳазор гектар заминҳои кишоварзиро фаро гирифтаанд. Дар ин давра ҳудуди 1,9 млрд метри мукааб об интиқол дода шудааст, ки 83,7 млн метри мукааб зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст", - хабар дод Зафарбек Давлатзода.
Сурат: Asia-Plus

Ба иттилои ӯ, дар ин давра маблағи хидматрасониҳо 92,5 млн сомониро ташкил дода, вале аз ин миқдор ҳамагӣ 27,9 млн сомонӣ ё худ  30% аз ҳаҷми умумӣ пардохт шудаасту халос.

Ба гуфтаи Давлатзода, чунин сатҳи хеле пасти пардохт ба имконоти Агентӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои молиявии худ назди ташкилоту корхонаҳои энергетикӣ, дар навбати аввал "Барқи тоҷик” мустақиман таъсир мерасонад.

Зимнан, соли 2023 ҳукумат барои рӯйпӯш сохтани қарзи Агентӣ аз буҷет 467 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда, лекин давоми ду сол сохтор боз дар сафи қарздорони бузург қарор гирифт.

Интиқоли об асосан тариқи пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои артезианӣ, ки ҳаҷми зиёди барқро талаб мекунанд, сурат мегирад. Танҳо дар  6 моҳи соли 2025 ба ин мақсадҳо 451,7 млн кВт/соат нерӯи барқ гирифта шудааст, ки маблағаш 58,1 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 15 млн сомонӣ - ҳудуди 25% аз арзиши умумӣ пардохт шудааст.

Роҳбари Агентӣ таъкид дошт, ки яке аз сабабҳои асосии афзоиши қарз мунтазам боло рафтани таърифаҳо (тарифҳо) ба нерӯи барқ мебошад.

Дар ҷумҳурӣ барои ба боло баровардани як метри мукааби об 0,270 кВт/соат барқ талаб мешавад, ки низомро аз лиҳози энергетикӣ хел сермасраф месозад. Ин номутаносибӣ байни хароҷоту даромад ба зиёдшавии қарзҳо ва пастшавии устувории молиявӣ оварда мерасонад.

Сурат: Asia-Plus

Ба гуфтаи вай, барои ҳалли ин мушкил аз ҷониби Агентӣ “Барномаи сармоягузорӣ оид ба муҷаҳҳаз намудани пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ барои солҳои 2023-2027” амалӣ мешавад.

Дар соли 2025 ивази агрегатҳои кӯҳнашуда ва таъмири пойгоҳҳо ба маблағи умумии 301,6 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва шарикони байнулмилалӣ аллакай 33,5 млн азхуд карда шудааст.

Гуфта мешавад, таъмиру навсозии таҷҳизот ба коҳиши назарраси хароҷоти барқ ва поинравии арзиши интиқоли об имконият фароҳам оварда, он дар навбати худ, ба Агентӣ ҷиҳати беҳбуди вазъи пардохтпазирӣ, устувор намудани идоракунии молиявӣ ва тадриҷан кам кардани қарз дар назди ширкати “Барқи тоҷик” кумак мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.