Дар ҳодисаи сӯхтори яке аз бузургтарин бозорҳои масолеҳи сохтмони шаҳри Душанбе бо номи «Ҷал-Ҷам» кафшергар гунаҳкор дониста шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, сӯхтор бар асари истифодаи нодурусти дастгоҳи кафшергарӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сар зада, нахуст дар яке аз анборҳо ва сипас ба дигар нуқтаҳои фурӯш паҳн шуда, дар маҷмӯъ 135 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
«Ба ҷойи ҳодиса дарҳол 13 гурӯҳи оташнишонӣ ва ду автомашинаи обкаш ҳозир шуда, ба туфайли чораҳои андешидаи онҳо, сӯхтор зуд хомӯш карда шуд», - гуфт манбаъ ва илова намуд, ки аз сӯхтор касе осеб надидааст.
Зимнан зикр гардид, ки давоми сол хадамоти оташнишонӣ вазъи бозоро санҷида, ба раҳбарияти он ҷиҳати риоя кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор дастур додааст. «Зимни санҷиши такрорӣ барои бартараф насохтани камбудиҳо 13 нафар соҳибкорони бозор ба маблағи беш аз 2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буданд», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки айни замон таҳқиқи ҳодиса мазкур идома дошта, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор муайян карда мешавад.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста