Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Спиатмени вилояти Суғд 4 нафар аъзои як оила ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, садама шоми рӯзи сешанбе дар роҳи мошингади Душанбе – Хуҷанд рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо» Сайфиддин Назарови 45-сола, сокини ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи «КАМАЗ» бармехӯрад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Муссо» Шарифова Меҳрӣ, соли таваллудаш 1975, сокини н.Айнӣ (ҳамсари ронанда) ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда Назаров С. ва фарзандони ноболиғаш Ҳомиди Сайфиддин соли таваллудаш 2001 ва Холбибии Сайфиддин соли таваллудаш 2007, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста