Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” бо хатсайри Санкт-Петербург - Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Колтови шаҳри Екатеринбург нишаст, хабар медиҳад ТАСС.
Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, сабаби нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон будааст.
“Ба нишасти таъҷилӣ бархӯрди ҳавопаймо бо селаи паррандагон зимни парвоз аз Санкт-Петербург сабаб шуд. Фурудоӣ амну бехатар сурат гирифта, касе осеб надидааст. Дар ин ҳавопаймо 193 нафар мусофирон, аз ҷумла 22 кӯдак ва 4 узви экипаж ҳузур доштаанд”, - хабар додаанд ба ТАСС аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.
“Москва 24” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки роҳбари ҳайати сарнишинон пас аз парвоз дар бораи эҳтимоли осеби чархаи ҳавопаймо хабар дода, дар майдони парвозу нишаст боқимондаҳои тан ва болу пари паррандагон пайдо шудааст.
Дар намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар Душанбе ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз ифшои ҷузъиёти дигари он худдорӣ варзиданд. Дар дафтари матбуоти ширкат ба ТАСС хабар додаанд, ки пас аз дубора пурра таъмин кардани ҳавопаймо бо сӯзившорӣ парвозро давом медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 21 август ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” бо хатсайри Душанбе - Маскав бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии кӯдак дар дохили ҳавопаймо, таъҷилан ба фурудгоҳи Оренбург нишаста буд. Он замон дар фурудгоҳ ба духтари ноболиғ кумаки зарурии тиббӣ расонида шуда, ӯ ба беморхона рафтанро рад кард ва ҳавопаймо ба фурудгоҳи таъинот парвоз намуд.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста