Дар ҷараёни баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷасадҳои боз 4 нафари дигар дарёфт шуданд. Ҳамин тариқ, теъдоди қкрбониёни офат то 17 нафар расид.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҷасди 3 зан ва 1 мард ҳангоми баргузории корҳо дар қаламрави ҷамоатҳои ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат пайдо шудааст.
“Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуданд”, - хабар доданд дар Кумита.
Қаблан бар асари офати табиӣ аз ҳалокати 13 нафар - 11 кас дар Ваҳдат ва боз 2 нафари дигар дар ноҳияи Рғӯакӣ хабар дода шуда буд.
Ба гуфтаи Юсуфӣ, чанде пеш аз ҷониби кормандони КҲФ бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ хатҳои обрасон, кӯчаву роҳ ва 25 манзил дар ҷамоатҳои дар боло зикршуда аз лойқаву сангреза тоза карда шуданд.
“Роҳи мошингарди Ваҳдат - Ромит аз лойқаи сангу гил пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ барқарор карда шуд”, - зикр кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти КҲФ, рӯзи 29 август бар асари боришоти шадид дар роҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат - Лахш сел фаромада, ҳаракати нақлиёт муваққатан баста шуд. Баъди чанде роҳ тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.
Ҳамчунин сел ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ, каналҳои обёрӣ, пулҳо дар деҳаи Тегирмии ҷамоати Меҳробод ва деҳаи Зорони ҷамоати деҳоти Муҷихарф зарар расонида, талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Селҳо ба қитъаҳо наздиҳавлигӣ, хатҳои обрасон ва дигар иншооти сокинони деҳаҳои ноҳияҳои Ёвон ва Хуросон низ осеб расонидаанд.
Дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Фархор бар асари аз теппаҳо фаромадани сел 100 сар чорвои сабук нобуд шуда, 3 қитъаи наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро об зер кардааст.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз рӯзи 27 август бар асари фаромадани селу ярч дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор, инчунин ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Сангвор ва Тоҷикобод ба манзил ва дигар иншооти зерсохтори ин мавзеъҳо зарари ҷиддӣ расонида шуд.






Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста