Тобистони соли гузашта бинои маъмурии Боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳияи Муъминобод аз ҷониби шахси ношинос оташ зада шуда, зарари расида 150 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин бора, рӯзи 11-уми феврали соли равон дар нишасти хабарии раиси ин ноҳия хабар доданд.
Хушбахт Шарифзода, сардори шуъбаи ВКД дар ин ноҳия гуфт, ки бинои маъмурии боғи фарҳангӣ қасдан оташ зада шуда, гумонбар ҳоло боздошт нашудааст.
“Ҳоло ӯ дар ҷустуҷуӯй аст. Сабаби оташ заданаш ҳам то ҳол барои мо маълум нест”, зикр шуд дар нишасти матбуотӣ.
Мақомот дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти дигар надоданд.
Гуфта мешавад, ки ин боғ аз сӯи Юсуф Раҳмон, додситони кулли пешин ва ҳоло котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон сохта шудааст ва дар он дарахтони зиёд, ки аз хориҷи кишвар оварда шудааст, шинонида шудааст. Он соли 2021 ба истифода дода шуд.
Қаблан, мақомот барои оташ задани бозору мағоза ва биноҳои алоҳида аз сӯи афроди алоҳида хабарҳо нашр мекарданд. Ин камтарин ҳолат аст, ки боғи марказии фарҳангии як ноҳия оташ зада мешавад.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста