Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пойтахт бар асари ҳодисаи садамаи нақлиёт роҳгузар ба ҳалокат расид.

Тавре аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл   соати 21 дар кӯчаи Борбад ронандаи мошини ГАЗ-2705 Аҳмад Раҷабов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, роҳгузареро пахш мекунад. Бар асари ҷароҳатҳои бардошта роҳгузар ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои манбаъ, шахси фавтида сокини маҳаллӣ буда, синну солаш тахминан 50-55 сола аст. Феълан ному насаб ва ҷои иқомати ӯ муайян карда мешавад.

Ҳафтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ 26 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 10 тан ҳалок ва 23 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.