Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз ҳодисаи кӯшиши интиқоли маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо ба Русия ҷилавгирӣ карданд.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини шаҳри Душанбе С.М. ният дошт, 9 бастаи ҳероинро дар дохили меъдааш ба хориҷи кишвар барорад. «Худи боздоштшуда зимни пурсиш гуфт, ки ин маводи мухаддири шахси дигар аст», - изҳор дошт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, ташхис ошкор сохтааст, ки мавод ҳероин буда, вазни умумии он 236 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти агентӣ, соли равон аз ҷониби кормандони ин сохтор дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз 3 ҳодиса ва фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз 1 ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ карда шудааст.