Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Ҳайати мушовараи ҷумҳуриявии адвокатҳо маросими ифтитоҳи маркази захираи маълумот баргузор мешавад.

            Тавре Нигина Алиева, ёвари масоили марбут ба иттилооти сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маркази захираи маълумот дар қатори имконоту хизматрасониҳои дигар, дастрасӣ ба заминаи қонунгузории маълумот низ таъмин карда мешавад.

            Ба қавли ӯ, марказ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Амрико бо дастгирии молиявии Шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи сафорати Амрико ташкил карда шуд. «Маросими ифтитоҳи марказ бо иштироки намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Амрико ва Ҳайати мушовараи ҷумҳуриявии адвокатҳои Тоҷикистон доир хоҳад гашт», - афзуд Н.Алиева.