Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокини пойтахт – Умед Қудратови 27-соларо ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ боздошт намуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, У.Қудратов зимни тафтиши муроҷиати шаҳрванд А.Б. дар бораи ба номуси духтари ноболиғаш таҷовуз кардани шахси номаълум боздошт шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшуда иқрор шудааст, ки ба номуси ноболиғи 14-сола дастдарозӣ кардааст. «Аз рӯи ин далел тибқи моддаи 138, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар сурати исботи гуноҳ ҳукми 25 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст», - афзуд М.Асадуллоев.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста