Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад.

            Тавре мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар робита ба ин имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҷумҳурӣ ва Барномаи рушди СММ нишасти хабарӣ баргузор мешавад.

Ба қавли ӯ, дар нишасти хабарӣ бо гузориши мухтасар директори агентӣ Шерхон Салимзода ва намояндаи Барномаи рушди СММ Растислав Врбенски маърӯза хоҳанд кард. «Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ин масъала ва аҳамияти конвенсияи СММ дар мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб гузаронида мешавад», - гуфт сарчашма.

Манбаъ афзуд, ки тибқи қатъномаи СММ аз 31-уми декабри соли 2003, санаи 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия муайян карда шуда, Ассамблеяи генералии СММ аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал овардааст, ки ин санадро тасдиқ созанд ва баҳри татбиқи фаъолонаи он мусоидат намоянд.