Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти хабарӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия директори Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода рейтингҳои ҷаҳонии нишондиҳандаҳои мизони коррупсияро, ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои фасодзатарин ҷой додаанд, зери шубҳа гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир вазъ дар ин самт «хеле» беҳтар шудааст ва иродаи сиёсии мустақим зоҳир сохтани мақомоти раҳбарии давлат ва таъсиси Агентии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Ш.Салимзода зикр кард, ки соли равон аз ҷониби кормандони агентӣ 962 тафтишу санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа қонуншиканиҳо ба маблағи умумии 89,6 млн. сомонӣ ошкор гаштаанд. «Дар ин давра 1 ҳазору 145 нафар шахсони мансабдор ва масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб гардида, 58 нафари онҳо аз мансаб сабукдӯш шуданд», - гуфт ӯ.
Намояндаи Барномаи рушди СММ Растислав Врбенски чунин изҳори ақида кард, ки маҳз коррупсия адолатро поймол сохта, ба ахлоқи маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад. Дар идома ӯ зикр кард, ки ин падидаи номатлуб пояҳои демократияро заъиф сохта, рушди иқтисоди мамлакатро бозмедорад. «Дар мавриди кӯшишу талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳаминро гуфтаниям, ки дар як шаб мӯъҷиза рух намедиҳад, вале омодагии мақомоти раҳбарии Тоҷикистон ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар ин самт баръало намоён аст», - афзуд намояндаи СММ.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста